Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар соли гузашта 450 саги дайдуву бесоҳиб безарар гардонида шудаанд.​ Ин​ дар ҳолест, ки то ҳол сокинони ин шаҳр аз зиёд будани шумораи сагҳои дайду шикоят мекунанд.

Роҳбари Корхонаи давлатии фаръии комуналии шаҳри Бохтар Сафарбек Изатуллозода, дар суҳбати сарироҳи ба “Фараж” гуфт, ки яке аз сабабҳои зиёд будани сагҳо дар шаҳр ин аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳр ба ин ҷо оварда раҳо кардани сагҳои худ мебошад.

– Мо дар муҳлати ду-се рӯз кушиш мекунем, ки аксар сагҳои дайдуро безарар гардонем. Дар ин баробар бояд сокинони ноҳияи атроф масъулият ҳис кунанд ва сагҳои дайдуи худро ба шаҳр оварда раҳо накунанд, – илова кард ӯ.

Аммо сокинони шаҳр зимни суҳбат ба гуфтанд, ки дар баробари зиёд будани сагҳои дайду, боз сагҳои гирифтори бемориҳо низ мушоҳида мешаванд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь