Ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон 36 деҳае мавҷуданд, ки бо барқи хушсифат таъмин нестанд.

Раҷабали Бояков, як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Бохтар”, дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки аслан ин деҳаҳои навбунёд мебошанд ва онҳо барқро ба ҳар роҳу восита ба манзилҳои худ мекашанд.

– Аз ин ҳисоб онҳо бо барқи босифат таъмин нестанд, – илова кард ӯ ва афзуд, ки бояд тибқи қарори Ҳукумати кишвар деҳаҳои навбунёдро мақомоти маҳаллӣ, ки ба сокинон замин медиҳанд, бо барқ таъмин созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь