Аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и шаҳри Бохтар дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 2562 кг/л 800 гр/мл маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ва шубҳанок ба маблағи 23 ҳазору 424 сомонӣ аз муомилот гирифта шудааст.
Директори маркази мазкур Маҳмадуллозода Азиз дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки аз тарафи мутахассисони МНДСЭ-и шаҳри Бохтар дар ин дара аз 1131 адад иншооти зериназоратӣ тибқи нақшаи корӣ дар 90 адад санҷиши санитарию эпидемиологӣ гузаронида шуд. Ӯ афзуд, ки нисбати вайронкунандагони қоидаю меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ ба 133 нафар ба маблағи 36 ҳазору 552 сомонӣ ҷаримаҳо таъин карда шуда, ба буҷаи давлат ворид шудааст.
– Бо сабаби ба талаботи санитарию эпидемиологӣ ҷавобгӯ набудан соли 2023 фаъолиати 3 иншооти зериназоратӣ муваққатан боздошта шудааст, – илова кард мавсуф ва гуфт, ки зимни санҷишҳо оиди маҳсулоти муҳлати истеъмолиашон гузашта ва шубҳанок ба миқдори 2562 кг/л 800 гр/мл ба маблағи 23 ҳазору 424 сомонӣ маҳсулот аз муомилот гирифта шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мутахассисони соҳа баҳри таъмин намудани амнияти санитарю эпидемиологӣ, дар самти пешгирии бемориҳои сироятӣ, заҳролудшавӣ аз маҳсулоти пастсифат ва риояи меъёрҳои санитарю гигиенӣ кӯшиш ба харҷ дода, баҳри ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тамоми имкониятҳоро самаранок истифода мебаранд.