Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мақолаи дар сомонаи Farazh.tj санаи 2-юми августи соли 2017 таҳти унвони «Фирори собиқ раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров» пахшшударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар ҳақиқат, Абдусамад Манонзода аз соли 2014 то оғози соли 2016 ба ҳайси раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров фаъолият кардааст.

Аз рӯи маълумотҳо, нисбат ба собиқ раиси ноҳия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва ҳоло аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корбарӣ идома дорад. Ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои характери коррупсионӣ дошта дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ ва машваратҳо доир гардида, аз ҷониби раиси ноҳия ба масъулини соҳаҳо ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Инчунин, дар ин давра аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд ду маротиба бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сохторҳои он вохӯрӣ гузаронида, ба ҳозирин ҳадафҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» фаҳмонида шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь