Қарзи ташкилоту идораҳо ва мактабҳои ноҳияи Кӯшониён аз ҳаққи истифодаи об ба 600 ҳазор расидааст, ки ин масъулони Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияро ба ташвиш овардааст.
Сармуҳандиси Корхонаии мазкур Тура Сияршоев зимни суҳбат ба “Фараж” гуфт, ташкилоту идора ва аҳолии ҷамоати шаҳраки ноҳияро бе мушкил бо оби ошомиданӣ таъмин мекунанд, аммо мутасифона онҳо саривақт маблағи ҳақи истифодаи обро пардохт намекунанд.
– Қарзи онҳо то имрӯз беш аз 611 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин қарз бештараш аз ташкилоту идораҳои буҷетӣ мебошад. Қарз дар соҳаи маориф 215 ҳазору 851 сомонӣ, соҳаи тандурусти 309 ҳазору 409 сомониро ташкил медиҳад, – илова кард ӯ.
Манбаъ бо нигаронӣ афзуд, ки муассисаи таълимии №20-и ноҳия аз ҳаққи истифодаи об 67 ҳазору 522 сомонӣ қарздор мебошад.
Аз сабаби падохт нашудани ҳаққи истифодаи об Корхона имрӯз дар назди нозироти андози ноҳия 200 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.
Ҳамчунин, 15 дарсади системаи обгузари ноҳия аз солҳои 65-и асри гузашта сохта шудаву корношоям гардидаанд.
– Масъулони ташкилоту идора ва муасссиаҳои таълимиро зарур аст, ки маблағи истифодаи обро саривақт пардохт кунанд, то Корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи ноҳияи Кӯшониён тавонад қарзи андозашро супораду қубурҳои обгузарашро аз нав кунад, – мегӯяд сармуҳандис.