Дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Шаҳритуз 63 қарори раиси ноҳия бекор шудаанд, ки ин бекоршавии қарорҳо дар миёни 14 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон нишондоди хеле зиёд аст.

Раиси ноҳияи Шаҳритуз Ҷаббори Ғаффор дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки 63 қарори бекоршуда аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лағв шуданд.

Ба иттилои раис қарорҳои бекоршуда бештарашон аз раисони собиқи ноҳия мебошанд. “Аз 63 қарори бекоршуда, шаш  қарораш қарорҳои худи ман мебошанд”, – илова кард Ҷаббори Ғаффор.

Раисони чанде аз шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон дар нишастҳои матбуотии худ аз бекор шудани се-чор қарори худ сухан мегуфтанд, аммо дар Шаҳритуз ин ба 63 адад расидааст.

Дар бораи бекор шудани қарорҳои раисони ноҳия дар нишасти матбуотии Прокуратураи вилояти Хатлон низ изҳори нигаронӣ шуда буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь