Хизматрасонии NGN (шабакаи насли оянда) бинобар сабаби риоя нагардидани чанд талаботи қонун, аз ҷумла ғайриикмон будани назорати зангҳои телефонӣ, риоя нашудани талабти сифати алоқа, бе қайд ва шиноснома пайваст кардани муштариён, шароити зарурӣ фароҳам наовардан барои чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо ва ғайра боз дошта шудааст.
Муовини аввали сардори хадамоти алоқа Илҳом Атоев имрӯз, 25-уми январ дар нишасти матбуотии ниҳодаш дар ин бора иттиллоъ дода гуфт, ки то бартараф кардани чунин камбудиҳо ин хизматрасонӣ фаъол нахоҳад шуд.
Номбурда дар мавриди санҷишҳои прокурорие, ки дар Хадамоти алоқаи кишвар гузаронида мешаванд, гуфт, вобаста ба ин масъала маълумот надорад.
Ин дар ҳолест, ки прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон 25-уми январ зимни нишасти матбуотии ниҳодаш дар робита ба натиҷаҳои санҷиши комиссияи ҳукуматӣ вобаста ба баста шудани NGN гуфт, “мо аз нигоҳи он, ки то куҷо ба амният хатар дорад, ва аз нигоҳи он, ки то куҷо дастраси гурӯҳҳои тундрав мешавад, мавриди омӯзиш қарор медиҳем. Агар бубинем, ки басташавии он ғайриқонунӣ аст, чораҳои зарурӣ меандешем”.
Илҳом Атоев ба суоли хабарнигорон дар мавриди ширкат надоштани сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Сабур дар нишасти матбуотӣ гуфт, “мувофиқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам раиси Хадамоти алоқа бе ягон мамониат дар сафари хизматӣ мебошанд”.