Мукеш Амбани — тоҷири ҳиндӣ, ки соли 2022 аз падараш холдинги нафти “Reliance Industries” – ро ба мерос гирифта буд,базми арӯсиашро доир кард. Ин холдинг натанҳо дар Ҳиндустон, балки дар Осиё ҳам аз калонтаринҳо ба ҳисоб меравад. Ин мерос Мукешро ба бойтарин инсони Ҳиндустон ва минтақа табдил дод.
Дар базми Мукеш шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, аз қабили Ким Кардашян, собиқ сарвазири Британия Тони Блэр ва ситораҳои Боливвуд ширкат доштанд.
Журнали “Forbes” сарвати Мукеш Амбаниро 123 миллиард доллар ҳисоб кардааст. Дар рейтинги сарватмандони дунё дар соли 2023 вай ҷойи нуҳумро ишғол мекунад.
Бояд гуфт. Ки дар маросими хонадоршавии миллиардер як нафар овозхон ва масхарабози тоҷик Абдурозиқ низ даъват шудаю ширкат намуд, ки бо либоси арабӣ ҳозир шудани вай аз ҷониби корбарони тоҷикистонии шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди интиқод қарор гирифт.