Оператори пешсаф ва навовари кишвар – ширкати Tcell “Бастаҳои солона 2021”-ро пешниҳод мекунад, – ин як соли пурраи иртиботи бемаҳдуд дар дохили шабака ва мегабайтҳои Интернет аст. Худатон пайваст кунед ва бастаро ҳамчун тӯҳфа ба наздикону дӯстонатон ҳадя кунед, то дар тӯли соли 2021 дар тамос бошанд.
Имсол тарофаи “Бастаҳои солона” бо мундариҷаи мухталиф ва арзиши аз 299 сомонӣ боло ба муштариён пешниҳод карда мешавад.
Ҳамчунин, имсол ба гунаи тӯҳфаи солинавӣ, ширкат ба ҳар касе, ки ба “Бастаҳои солона-2021” пайваст шудааст, ба опсияҳои бемаҳдуд барои тамоми сол тахфиф хоҳад дод! Ва боз тахфиф барои бастаи G1000 ва аз он болотар барои тамоми сол бидуни маҳдудият!
Ҳангоми фаъол кардани “Бастаи солона 299” ва саривақт пардохт кардани пардохти муштарӣ барои опсия, муштариён дар давоми тамоми сол аз опсияҳои “Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд” ва “YouTube-и номаҳдуд” 30% тахфиф мегиранд!
Ҳангоми фаъол кардани “Бастаи солона 499” ва саривақт пардохт кардани пардохти муштарӣ барои опсия, муштариён дар давоми тамоми сол аз опсияҳои “Шабакаҳои иҷтимоии бемаҳдуд” ва “YouTube-и номаҳдуд” 50% тахфиф мегиранд!
Имкони фаъол сохтани «Бастаи солона 2021» -ро аз даст надиҳед, ба наздикону пайвандонатон тақдим кунед.