Дар маҳфили навбатии “Гуфтугӯи тамаддунҳо” мавзӯи сулҳ дар Афғонистон баррасӣ мегардад.
Дар назар аст, ки рӯзи 13-уми феврал соати 17:00, дар «Кохи афсарон» маҳфили навбатии «Гӯфтугӯи тамаддунҳо» баргузор гардад.
Дар маҳфил мавзӯи «Сулҳ дар Афғонистон ва зарурати иҷмои минтақавӣ» ба баррасӣ кашида мешавад, ки ба он олимон, адибон, коршиносон, публитсистон, намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷа дар Тоҷикистон даъват гардидаанд.
Дар маҳфил устоди донишгоҳ ва раиси муассисаи мутолиоти ҳуқуқӣ ва сиёсии Афғонистон Масъуди Терештвол суханронӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки баргузории маҳфил аз ду қисмат иборат буда, дар қисмати аввал нахуст, меҳмони маҳфил оиди мавзӯи баррасишаванда дар ҳаҷми 40 дақиқа андешаронӣ менамояд ва баъдан, дар қисмати саволу ҷавоб иштирокдорон метавонанд ҷанбаҳои ба худ норӯшани мавзӯро бо овардани савол ба меҳмон рӯшан намуда, ба пурсишоти худ посух гиранд.