Дар мулоқоти маҷозии Гурӯҳи кории механизми муштарак оид ба пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ноҳияи Мухтори Синсизян – Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки тариқи маҷозӣ доир гардид, гурӯҳи кории ҳайати Тоҷикистонро, ки иборат аз намояндагони вазоратҳои нақлиёт, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, ҷамъиятҳо ва ассотсиатсияҳои боркашонӣ иборат буд, вазири нақлиёт Азим Иброҳим ва гурӯҳи кории Чинро муовини раиси ноҳияи Синзян – Уйғур Чэн Вэйтсзюн роҳбарӣ карданд.

“Бо саъю кӯшиши муштарак фаъолияти гузаргоҳи Қулма — Қаросу ва ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ байни кишварҳои мо тамоюли афзоиши мусбат дорад ва ин вохӯрӣ имкон медиҳад, ки масъалаҳои мавҷуда оид ба рушди минбаъдаи нақлиёт дар руҳияи  ҳамдигарфаҳмӣ муҳокима хоҳанд шуд», – гуфт Азим Иброҳим.

Роҳбарони ҳайатҳо зикр намуданд, ки бо сиёсати пеширифтаи сарони ҳар ду кишвар муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва ҳамлу нақли байналмилалӣ сол аз сол густариш меёбад.

Ҷонибҳо масоили ҳалталабро дар самти таъмини интиқоли бемамониати бор тавассути гузаргоҳи марзии Қулма – Қаросу бо риояи қоидаҳои пешгирӣ ва назорати эпидемия мавриди баррасӣ қарор дода, аз рӯи масоили муҳокимашаванда мубодилаи афкор намуданд.

Вазири нақлиёти кишвар иброз дошт, ки татбиқи чораҳои андешидашуда дар ин самт аз ҳар ду ҷониб амалӣ карда мешавад. Масалан, барои самаранок ва пурра истифода бурдани вақти корӣ, оғози кор дар гузаргоҳи Кулма — Карасу аз соати 10:00 ба вақти Пекин (соати 07:00 ба вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад, ки боиси афзоиши ҳаҷми молҳои интиқолёфта гардидааст. Тибқи маълумоти бадастомада, тавассути ин гузаргоҳ дар як рӯз то 30-35 контейнер бор мегузарад.

Натиҷаи чораҳои андешидашуда ба ҳаҷми умумии нақлиёти автомобилӣ тавассути ин гузаргоҳ таъсири мусбат расонд ва дар 7 моҳи соли равон ҳаҷми воридоти бор бо нақлиёти автомобилӣ 36831 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17 фоиз зиёд аст.

Азим Иброҳим зикр кард, ки дар ҷаласаҳои қаблӣ бо  мақсади зиёд кардани ҳаҷми интиқол, пешниҳод шуда буд, ки дар баробари интиқоли контейнерӣ бо назардошти иваз кардани кантейнерҳҳои холӣ интиқол бо  ядак ва нимядак дар минтақаи нейтралӣ анҷом дода шавад. Механизми пешниҳодшуда содда аст ва хароҷоти иловагии молиявиро талаб намекунад.

Вазири нақлиёт бори дигар дида баромадани ин масъаларо пешниҳод намуда, иброз дошт, ки бо мақсади тақвияти назорати эпидемиологӣ дар гузаргоҳи Кулма-Карасу масъалаи қабули контейнерҳои холии Тоҷикистонро бе пардохти иловагӣ бори дигар баррасӣ намуд.

Бо мақсади зиёд кардани интиқоли контейнерҳо, аз ҷониби Чин даъват ба амал овард, ки ҳар рӯз баъд аз соати 16-и вақти Душанбе ба кори кранҳои Тоҷикистон барои бор кардани контейнерҳо аз минтақаи бетараф мусоидат намояд.

Барои самаранок анҷом додани амалиёти борфурорӣ ва боркунӣ дар минтақаи бетараф, аз ҷониби Чин хоҳиш карда шуд, ки контейнерҳоро дар болои ҳам ҷой надода, онҳоро ба мошинҳо бор кунанд ё як қатор гузоранд.

Аз ҷониби вазири нақлиёт ҳамчунин пешниҳод шуд, ки дар интиқоли моле, ки зиёда аз як сол дар анборҳои шаҳри Кошғар истодаанд ва  истифодаи кранҳои магнитии чиноӣ бо нархи қобили қабул барои ҷониби Тоҷикистон мусоидат намоянд ва имконияти безараргардонии кантейнерҳои холиро дар ноҳияи Мурғоб баррасӣ созанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь