Маркази матбуоти ширкати “Барқи Тоҷик” бо як муроҷиат ба шаҳрвандон хабар дод, ки маҳдудият дар интиқоли барқ ҷорӣ нашудааст.
– Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” ба маълумоти муштариён мерасонад, ки бо сабаби иҷрои охирин корҳои назоратии тайёрӣ ба зимистон дар зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддати барқ ва дар аксари маҳалҳо тавассути хатҳои эҳтиётӣ интиқол додани нерӯи барқ, дар баъзе минтақаҳо, аксаран дар соатҳои вақти рӯзона, эҳтимоли қатъи барқ ба миён меояд. Инро ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ҷорӣ намудани маҳдудият дар интиқоли барқ ҳисоб намуд,- омадааст дар муроҷиати ин ширкат.
– Корҳои назоратии таъмирӣ-профилактикӣ вобаста ба ҳаҷми таҷҳизоти таъмиршаванда дар муҳлати кутоҳ ба охир мерасанд ва интиқоли барқ боз ба эътидол медарояд. Бар иловаи ин, Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе аз 5-уми октябри соли 2020 ба кор сар кард, ки ин ҳам ба таъмини нерӯи барқ таъсири мусбат мерасонад,- хабар медиҳад маркази матбуотии ширкат.
Ширкат хотиррасон намудааст, ки корҳои назоратии таъмирӣ-профилактикӣ дар зеристгоҳҳои бузург ва хатҳои баландшиддати барқ ба хотири таъмини муназзами барқ дар фасли зимистон гузаронида мешаванд.