Шӯъбаи дипломатияи ҷамъиятии Сафорати ИМА озмунро барои иштирок дар Барномаи Фулбрайт (FLTA) барои омӯзгорони забони хориҷӣ дар солҳои 2025-2026 эълон кардааст.

Барномаи FLTA аз ҷониби Идораи барномаҳои илмию фарҳангии (ECA) Департаменти давлатии ИМА маблағгузорӣ шуда, муддати 9-моҳ, бидуни тақдими унвони илмӣ, давом меёбад ва довталабон бояд дорои таҷрибаи кории на бештар аз ҳафт сол, дошта бошанд. Ҳадаф аз он таҳкими малакаи таълимдиҳии забони русӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои ИМА мебошад ва дар айни замон, барои омўзгорони имрӯза ва ояндаи забони англисӣ фароҳам овардани шароити мусоид, ҷиҳати такмили таҷрибаю малакаи худ дар риштаи забони англисӣ, васеъ намудани доираи донишу огоҳии худ дар бораи ҷомеа ва фарҳанги ИМА, ва донишҷӯёнро бо фарҳанг ва арзишҳои тоҷикон шинос мекунанд мебошад.

Номзадҳое, ки омӯзгор дар бахшҳои ҳуқуқшиносӣ, тиҷорат ва соҳибкорӣ, соҳаи гендер, иқтисод, рӯзноманигорӣ ва ВАО, адабиёти инглисии амрикоӣ ва омӯзгорони забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ мебошанд, ба таври алоҳида интихоб хоҳанд шуд.  Иштирокчиёни Барномаи FLTA ҳамчунин бо ҷамоатҳои мизбони худ тариқи гурӯҳҳо барои сӯҳбат, чорабиниҳои беруназсинфӣ ва лоиҳаҳо оид ба гузаронидани корҳои иттилоотию маърифатӣ, дар сатҳи ҷамоатҳо ҳамкорӣ хоҳанд кард. Баъд аз анҷоми барнома иштирокчиён бояд ба кишварҳои худ баргарданд.

Ҳангоми омодагӣ ба бозгашт ба давлати худ дар анҷоми барнома, иштирокчиён имкон доранд, ки малакаҳои омӯзгории худро такмил диҳанд, сатҳи дониши забони англисии худро баланд бардоранд ва дониши худро дар бораи ҷомеа ва фарҳанги Иёлоти Муттаҳида ҳангоми ба ҳайси ёвари таълими забони  русӣ ба донишҷӯёни амрикоӣ ва пурзӯр намудани таълими забони хориҷӣ дар коллеҷҳо ва донишгоҳҳои ИМА.  Иштирокчиёни Fulbright FLTA инчунин бо ҷамоатҳои Амрико дар чорабиниҳои беруназсинфӣ ва лоиҳаҳои фарогирии ҷомеа ҳамкорӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь