Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2024-ро эълон кард.
Ба иттилои раиси АЖРВТ бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони чор намуд – бокс, ҷудо, гуштини озод ва самбо дохил шуданд.
Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол:
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) – барандаи медалҳои биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 ва чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар вазни то 81 кг;
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни +100 кг;
Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар вазни то 92 кг;
Абдулмаҷид КУДИЕВ (гуштини озод) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Тиранаи Албания дар вазни то 70 кг;
Акмал УБАЙДОВ (бокс) – барандаи медали тиллои чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 60 кг;
Виктор РАССАДИН (гуштини озод) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни то 74 кг;
Парвиз КАРИМОВ (бокс) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар шаҳри Чиангмайи Тайланд дар вазни то 92 кг;
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tashkent Grand Slam 2024” дар вазни то 66 кг;
Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2024” дар вазни то 60 кг;
Сорбон ЛАТИФОВ (самбо) – барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар шаҳри Остонаи Қазоқистон дар вазни то 64 кг.
“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 ва чемпионати имсолаи ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”, – иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.