Парвозҳо аз Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки аз Русия ба хона бармегарданд, нисбати парвози мустақим ба Душанбе, арзонтар мебошад.

– Баргаштан ба ватан аз Русия тавассути Ӯзебкистон ва Қирғизистон назар ба парвози мустақим аз шаҳрҳои Русия то Душанбе барои муҳоҷирони тоҷик 15 ҳазор рубл арзонтар арзиш хоҳад дошт, – хабар медиҳад ParsToday.

Айни замон билети парвози Маскав – Душанбе тавассути ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” 395 евро арзиш дорад. Арзиши билет аз шаҳрҳои Русия ба Самарқанд 25 ҳазор рубл буда, муҳоҷирони тоҷик боз бояд 1000-1500 рубли русиро барои расидан ба сарҳади Тоҷикистон харҷ кунанд.

Шаҳрвандони тоҷике, ки ба Қирғизистон тавассути ширкати ҳавопаймоии русӣ парвоз мекунанд, барои аз шаҳри Ош то Хуҷанд расидан 150 то 200 сомонӣ (қариб 1300 рубл) сарф мекунанд. Ҳамин тавр, парвозҳо ба Ӯзбекистон ва Қирғизистон барои муҳоҷирони тоҷик аз Русия 8-15 ҳазор рубли русӣ арзонтар меафтад.

Роҳбарияти ширкати “Сомон Эйр” дар шарҳи гарон будани арзиши билети ҳавопаймо мегӯянд, ки тибқи қоидаҳои нави зидди эпидемия ҳавопаймо метавонад ҳамагӣ 60% пур бошад, ки ин арзиши билетро боло мебарад.

Гулрӯ Суҳробзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь