Озмуни “Деҳи ман як пораи хоки Ватан” ба поён расид. Ҷоизаи аввали он насиби видеоблогер Файзалӣ Сафаров (барои навори “Лайрони Боло”), Ҷоизаи дувум аз они Фурӯзонфар Искандаров, муаллифи видеои “Табушн” шуд ва Ҷоизаи севумро донишҷӯ Амрина Абдуназарова, муаллифи “Деҳи ман дар Ишкошим”соҳиб гардид.

Ҷоизаҳоро ба пирузмандон Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, Орзу Исоев, рӯзноманигор ва филмноманавис ва Моҳпайкар Ёрова ҳунарпешаи синамо тақдим карданд.

Ҳайати доварони озмуни “Деҳи ман як пораи хоки ватан” инҳо буданд: Сафар Ҳақдодов, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, Аниса Собирӣ, филмсоз ва шоир, Суҳроби Зиё, гузоришгари шабакаи телевизионии БиБиСи,Орзу Исоев, шоир ва филмсоз, Ҳабиб Саид, нависанда ва блоггери тоҷик, Рухшона Олимова, рузноманигор ва коршиноси риштаи чандрасонаӣ, Муртазо Назаров, донишманд ва рушангари тоҷик, Иззатманд Саломиён, рузноманигор ва коршиноси риштаи чандрасонаӣ, Файзулло Файз, коргардон ва драмнависи синамо, Далер Имомалӣ, ҳунарманди гуруҳи Театрии “Нигоҳи нав”, коргардони филмҳои мустанад, Аҳмад Карим, видеоблоггери тоҷик, Дилошуб Орифзода, продюсери синамо, Тоҳири Назар, рассоми синамо ва театр.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь