Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ зиёда аз 170 нафарро барои қонуншканӣ дар самти замин ба маблағи 84 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд. Ҳамчунин, нисбати 7 қарори раиси ноҳия эътироз оварда шуда, як қарорашро бекор карданд.
Раиси Кумитаи Идораи замини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холзода Муҳаммадшариф хабар дод, ки дар 3 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони Кумитаи замини ноҳия 176 ҳолати қонуншиканӣ дар самти замин ошкор карда шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 ҳолат зиёд буда, дар байни онҳо ягон нафар мансабдор нест.
– Афроди қонуншкан ба мабалағи 84 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд, – илова кард ӯ.
Манбаъ иттилоъ дод, ки аз ин қонуншканиҳо 9 ҳолаташ ғасби худсаронаи замин дар майдони 2 гектар мебошад, ки нисбати афроди қонуншкан парванда тартиб дода ба Прокуратура пешниҳод кардаанд. Аз ҷониби прокуратура нисбати онҳо чараҳои қонунӣ дида шуда, майдони ғасбшудаи замин, ки ду гектаро ташкил медод, пурра ба ҳолати аввала баргардонида шудааст.
Дар идома Холзода Муҳаммадшариф афзуд, ки аз ҷониби прокуратураи ноҳия дар ин давра нисбати 4 қарори раиси ноҳия ва аз ҷониби кормандони Кумитаи Идораи замини ноҳия нисбати 3 қарори раиси ноҳия эътироз оварда шуда, 6 адади он ба қонун мутобиқат карда шуд ва як қарор бекор гардид.
– Дар ноҳия майдони умумии заминҳо 90 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, вале мо имкони ҳамаи онро назорат кардан надорем, – гуфт ӯ в афзуд, ки дар 4 ҷамоати ноҳяи Ҷалолиддини Балхӣ муҳандиси заминсоз нест.