Ғарами портовҳои маиширо дар назди “Озмоишгоҳи бактериологӣ” дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” (беморхонаи Қарияи боло) дида, кас ба озмоишгоҳ будани он шубҳа мекунад.

Даҳ қадам дуртар аз озмоишгоҳи мазкур партовгоҳе арзи вуҷуд дорад, ки ба қавли нафари масъули партовгоҳ, дар ягон фасл пурра аз партов холӣ нашудааст. Ҳарчанд гирдаш маҳкаму аз чашми роҳгузарон пинҳон карда шудааст, вале бӯи ғализи он, махсусан дар фасли тобистон, хеле нороҳаткунанда аст. Илова бар ин, пашшаҳои зиёде, ки партовгоҳро макони сайругашт ва хӯру хоб ихтиёр кардаанд, то ба дару девори бинои озмоишгоҳ часпида, “дам” мегиранд.

Дар партовгоҳи мазкур ҳамагӣ даҳ қуттии партов гузошта шудааст, ки он барои партовҳои маишии тамоми ҳудуди беморхонаи Қарияи боло пешбинӣ шудааст. Аммо ба назар мерасад, ки қуттиҳо басанда нестанд ва садҳо килограмм партов рӯи замин ғарам шудааст. Нафаре, ки партовҳоро ба қуттиҳо пур мекард, гуфт, партовҳо аз ҷониби муассисаи партовкашонӣ дар ду-се рӯз як маротиба бурда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки барои як иаркази бузурги тиббӣ, ки садҳо корманд дораду ҳазорҳо бемор ба табобат фаро гирифта шудаанд, доштани ҳамагӣ даҳ қуттии партов шармандагӣ аст. Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии кишварро зарур аст, ки сари ин мушкилоти Маркази миллии тиббии “Шифобахш” чораҷӯӣ кунанд, вагарна “Озмоишгоҳи бактериологӣ” ба макони бактерияҳо табдил хоҳад ёфт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь