Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гуфт, рӯзҳои 12-13-уми августи соли равон ҳайати мақомоти авиатсионии Тоҷикистон – Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба Лондон сафар намуда, масъалаи ба роҳ мондани парвозҳои мустақимро дар масири Душанбе-Лондон баррасӣ мекунанд ва аз натиҷаи он Протокол ба имзо расонида мешавад.

Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо, парвозҳоро дар масири Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон «Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.

Марзия Саидзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь