Президенти ИМА Ҷо Байден ба низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон иҷозат дод, ки интиқоми ҳамкасбони дар Кобул кушташудаи хулро гиранд. Дар ин бора намояндаи расмии Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфтааст, хабар медиҳад ОИР «Новости».

“Президент ба фармондеҳон гуфт, онҳоро набояд ҳеч чизе аз роҳ боздорад ва онҳо бояд террористҳои Давлати исломиро (созмони мамнуъ) маҷбур кунанд, ки барои марги сарбозони амрикоӣ ҷавоб гӯянд”, – гуфт Псакӣ ва илова кард, ки Байден интизор аст, ки дастандаркорони ҳамлаҳо пайдо ва нобуд карда мешаванд.

26-уми август дар Кобул як силсила ҳамлаҳои террористӣ ба амал омад. Ду таркиш дар дарвозаи фурудгоҳи Ҳомид Карзай 200 нафарро кушт ва тақрибан ҳазор нафарро маҷрӯҳ кард. Дар байни кушташудагон афғонҳои осоишта, 13 низомии амрикоӣ ва ҷангиёни ҳаракати Толибон (созмони мамнуъ) буданд. Давлати исломӣ масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт.

Баъдтар маълум шуд, ки пас аз таркиши интиҳорӣ дар назди дарвозаҳои фурудгоҳи Кобул, низомиёни амрикоӣ ба сӯи афғонҳои осоишта тирандозии бетартибона карданд. Яке аз наҷотёфтагон гуфт, ки амрикоиҳо фикр мекарданд, ки террористҳо зиёданд, аз ин рӯ онҳо ба сӯи издиҳоми ваҳшаткарда тирандозӣ карданд. Ҳамчунин гузориш дода шуд, ки аксари қурбониён маҳз бар асари оташи низомиёни амрикоӣ ба ҳалокат расидаанд, на бар асари таркиш.

Шоҳидони айнӣ иддао доранд, ки сарбозони амрикоӣ маҳз барои куштан ба сар ва қафаси сина тир андохтаанд.

Рӯзи гузашта низомиёни амрикоӣ як мошинро, ки гӯё мехост амали террористӣ кунанд, ҳадафи ҳамла қарор доданд. Дар ин ҳамла наздики 10 нафар аз узви як оилаи осоиштаи Кобул кушта шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь