Шаҳрдори собиқи шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро дар 12 ҳолат барои гирифтани пора дар ҳаҷми 400 ҳазор сомонӣ аз шахсони алоҳида шахсан ё бо воситаи зертобеони худ дар додани қитъаи замин барои бунёд намудани объекти ҷашнӣ ва дигар ҳолатҳо вобаста ба замин боздошт шуда будааст.
Прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим Абдухолиқ имруз зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки шикоят ворид шуда буд ва аз рӯи шикоят санҷиш оғоз карда шуда, нисбати ронандаи собиқ шаҳрдори Кӯлоб парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.
– Дар вақти тафтишот муайян карда шуд, ки ба воситаи ронанда раиси шаҳр маблағҳои муайянро барои ҷудо кардани замин мегирифтааст. Баъди он асосҳои кофӣ ҷамъ карда шуд ва нисбати собиқ раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гуруҳи тафтишотӣ созмон дода шудааст. Ҳоло тафтишот ба парвандаи ҷиноятӣ идома дорад, – илова кард прокурори вилоят.
Итилоъ дода шуд, ки Баҳром Иноятзода шаҳрдори собиқи Кӯлоб ҳангоми фаъолияти худ дар ин мансаб аз шахсони алоҳида шахсан ё бо воситаи зертобехони худ оиди додани қитъаи замин барои бунёди намудани объекти ҷашнӣ ва дигар ҳолатҳо вобаста ба замин дар 12 ҳолат ба маблағи 400 ҳазор сомонӣ ҳамчун пора талаб намуда гирифтааст.
– Бино бар ин, аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон ва прокуратураи шаҳри Кӯлоб нисбати Иноятзода Баҳром ва дигарон бо моддаҳои 319, қисми 3 ва 4-и ҚҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯ бо ҳамаслаконаш ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, айни ҳол тафтишоти пешакӣ идома дорад. Агар ягон амалҳои дигар нисбати Интоятзода ошкор шавад боз чораҳои дахлдори тафтишотиро меандешем, – гуфт Раҳимзода Абдураҳим.