Ба Юн Сок Ёл, раисҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ, аз кишвар хориҷ шудан мамнуъ шудааст. Дар ин бора хабаргузории Yonhap хабар додааст.

Қарори мамнӯуъиятро Вазорати адлияи Куриёи Ҷанубӣ баъди бо сардори раёсати тафтишоти фасод дар байни мансабдорони баландпоя тамос гирифтан, баровардааст.

Додситони аршади ин шуъба гуфтааст, ӯ ба муфаттишон дастур додааст, ки дар робита ба таҳқиқи ошӯб ва эълони вазъияти изтирорӣ дар Куриёи Ҷанубӣ мамнуъияти сафар ба раисиҷумҳурро талаб кунанд.

Илова бар ин, Юн Сок Ёл эҳтимол ба хиёнат ба давлат ва суистифода аз мақом муттаҳам мешавад. Полис бозпурсии ӯро истисно намекунад.

Раисиҷумҳури Куриёи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл шоми 3-юми декабр дар ин кишвар вазъи низомӣ эълон кард, ки ин дар 45 соли охир бесобиқа аст. Аммо баъд аз 6 соат порлумон барои лағви он раъй дод ва раисиҷумҳур маҷбур шуд, ки бо қарори қонунгузор розӣ шавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь