Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ 5 декабри соли 2018 Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон”-ро ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буданд, қабул намуд.
Лоиҳаҳои қонунҳои номбурда ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар рузи Дониш- 1 сентябри соли равон баён доштанд таҳия гардида буданд.
Дар ин суханронии худ Пешвои миллат нигаронии худро аз сатҳи пасти назорати сифати маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ва воридоти дорувории пастсифат изҳор намуда, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода буданд, ки ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла доир ба пурзӯр намудани ҷавобгарӣ, бахусус, ҷавобгарии маъмурию ҷиноятӣ барои воридоту муомилоти маводи дорувории бесифат, қалбакӣ ва муҳлати истифодааш гузашта, қочоқи доруворӣ ва истеҳсолу фурӯши маводи ғайри стандартӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ба ғайр аз ин дар ин суханронӣ масъалаи баланд бардоштани масъулияти кормандони тиб, аз ҷумла, дандонпизишкон, кормандони кошонаҳои ҳусн ва сартарошхонаҳо барои ба бемориҳои сироятӣ гирифтор намудани шаҳрвандон зимни табобати беморон ва хизматрасонӣ ба онҳо қайд гардида, дастур дода шуд, ки барои кормандони муассисаҳои табобати дандон, сартарошхонаҳо ва кошонаҳои ҳусн, ки боиси ба ҳаргуна бемориҳои сироятӣ гирифторшудани одамон мегарданд, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шавад.
Бояд қайд кард, ки масъалаи ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бе сифат, қалбакӣ, ғайристандартӣ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта, ё истеҳсол кардани дорувории бесифат, қалбакӣ, ғайри стандартӣ ва ба муомилот баровардани онҳо ташвиши асосноки Пешвои миллат ва мардуми Тоҷикистонро ба вуҷуд овардааст.
Мувофиқи ҳисоботҳои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ аз муомилот қариб як саду бисту ҳафт тонна маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи ороишию гигиенӣ ва ғизои кудаконаи муҳлати истифодаашон гузашта, бе сертификати мутобиқат ва ба талаботҳо ҷавобгӯ набуда гирифта, несту нобуд карда шудааст.
Аз ин ҳисоб қариб наваду панҷ тоннаи онро маводи доруворӣ ташкил медиҳад. Қариб 40 тоннаи маводи дорувории гирифта шуда маводҳои муҳлати истифодаашон гузашта мебошанд.
Барои ин қонуншиканӣ беш аз панҷсад парвандаи маъмурӣ оғоз карда шуда, аз ҳуқуқвайронкунандаҳо як миллиону сад ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.Вале, чораҳои андешидашуда натиҷаҳои назаррас надоданд.
Бинобар ҳамин сабаб тасмим гирифта шуд, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои содир намудани ин кирдор пурзӯр карда шавад.
Аз ҷумла, ба моддаи 121 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгариро барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, андозаи ҷаримаҳои дар ин моддапе шбинишуда баланд бардошта шуда, барои шахсони воқеӣ аз панҷоҳ то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 40-50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо), барои шахсони мансабдор аз як саду панҷоҳ то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 50-100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) ва барои шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳафтсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (ба ҷои 100-200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) пешбинӣ мегардад.
Инчунин ба ин мода қисми дуюм илова карда шуда, барои такроран, яъне барои дар давоми як соли баъди таъини ҷазои маъмурӣ содир намудани кирдорҳои дар боло зикргардида ҷазои маъмурии нисбатан вазнинтар пешбини гардид.
Ҳамзамон ба моддаи 2101 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки ҷавобгариро барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта пешбинӣ менамояд, тағйирот ворид карда шуда, ҷазоҳои ҷиноятии пешбини гардида пурзур карда шудаанд. Аз ҷумла,барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ (сохта) ва ба талаботи стандартҳои муқарраршуда ҷавобгӯй набуда, инчунин дорувории мӯҳлати истифодааш гузашта ба миқдори калон (қисми якумимоддаи2101) ҷарима ба андозаияк ҳазор то ду ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ( аз панҷоҳ то сад ҳазор сомонӣ) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғулшудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ё бидуни он таъин карда мешавад.
Ҷазои ҷаримаи дар қисми дуюми моддаи номбурда пешбини гардида низ ду баробар зиёд карда шуда, аз дуҳазор то чор ҳазорн ишондиҳанда барои ҳисобҳоро (аз сад то дусад ҳазор сомонӣ) ташкил медиҳад.Ҳамзамон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуд аакнун аз панҷ то ҳаштсолро дар бар мегирад. Муҳлати ҷазои иловагӣ низ баланд бардошта шудааст.
Ҳамзамон ҷазои дар қисми сеюми моддаи болозикр низ тағйир дода шуда ба ҷои аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ акнун аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда мешавад.
Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти табибон ба моддаи 129 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои аз ҷониби табибон номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ пешбинӣ мекунад, тағйирот ворид карда шуда,ҷазои дар қисми дуюм пешбини гардида, ки аз се то панҷ сол маҳрум сохтан аз озодиро пешбинӣ мекард, ба муҳлати аз панҷ то ҳашт сол иваз карда шуда, ҷазои дар қисми сеюм пешбинигардида (аз панҷ то ҳашт сол маҳрум сохтан аз озодӣ) аз ҳашт то дувоздаҳ сол маҳру мсохтан аз озодӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳамзамон моддаи 207 Кодекси ҷиноятӣ дар таҳрири нав ифода карда шуда ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемии кӣ мушаххас ва пурзур карда шудааст. Зарурияти тағйирот дар ин қисм аз он сарчашма мегирад, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасон (аз ҷумла сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкубҳо, пирсинг ва ғайра) боиси пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад. Аз ҷониби кормандони зикргардида хавфи паҳн намудани вируси норасоии масунияти одам, гепатитҳо ва дигар бемориҳо баланд арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ ҷазои дар қисми якуми ин мода пешбини шаванда баланд бардошташуда, ба моддаи кисми дуюм илова карда мешавад. Дар он ҷавобгарӣ барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ ё мубталои вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардида бошад, пешбинӣ мегардад. Ҷазо дар ин маврид аз панҷ то даҳ сол маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст.
Тағйиротҳои ворид кардашуда барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ба хусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона гардидааст.