Сар аз рӯзи 21-уми январи соли ҷорӣ дар кишвари мо мусобиқоти футзали Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби бонувон ҷараён дорад, ки дар он тимҳои миллии Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Мусобиқоти қаҳрамонии футзали CAFA миёни дастаҳои занона бори аввал баргузор мешавад ва ба назари аксари коршиносон муддаии асосӣ барои ғолибият дар ин мусобиқа Эрон ба ҳисоб мераванд. Тими миллии бонувони Тоҷикистон дар ин рақобатҳо зери роҳбарии мураббӣ Шамшод Ниятбеков майдондорӣ мекунад.
Табиатан дар мусобиқаҳои варзишӣ кишварҳое, ки мизбон ҳастанд, талош мекунанд, то зинаҳои аввал (ё медалҳои тиллову нуқра)-ро ба даст биёранд, аммо дар ин мусобиқа, ки мизбониашро кишвари мо ба дӯш дорад, ин чиз умуман ба назар намерасад. Дар чаҳор бозие, ки мунтахаби мо доир кард, танҳо як мусовӣ бо Қирғизистон дошт ва як хол ба даст овард. Дар се рақобати дигар мунтахаби бонувони тоҷик бо натиҷаҳои бузург ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд.
Баъди мусовӣ бо қирғизҳо Тоҷикистон дар бозӣ зидди Эрон бо натиҷаи 12 бар ҳеҷ шикаст хӯрд. Пасон дар ду набарди дигар бо узбакҳо аввал 8 бар 1 ва баъдан 5 бар 0 ба бохт дучор гашт. Баъди анҷоми чаҳор давр дар умум дастаи мунтахаби футзали занонаи Тоҷикистон ба дарвозаи худ 26 гол сар дода, ду гол ба самар расонидааст ва бо доштани як имтиёз дар зинаи сеюми ҷадвали мусобиқа қарор гирифтааст.
Ин натиҷаи нигаронкунанда борони шадиди интиқодҳои мухлисонро ба бор овард, ки аксарияти онҳо духтарони футзалбози тоҷикро гунаҳкор мешумурданд. Ин ҷо бояд қайд кард, ки дар ин бохтҳо бонувони мо сабабгор нестанд, балки мушкилоти дигаре вуҷуд дорад. Барои исботи ин фикр чанд далел метавон овард.
Аввал ва яке аз муҳимтаринҳо ин ки мо Лигаи футзали бонувон надорем. Лигаи футзал он сӯ истад, мо ҳатто дастаи алоҳидаи футзали занона барои бозиҳои тими миллӣ надорем. Ҳайати кунунӣ, ки баромад доранд, футболбозони дастаи мунтахаби футболи кишваранд. Аксари онҳо донишҷӯ ва аз дастаи футболи “Зебониссо”-и пойтахт мебошанд. Мову шумо хуб медонем, ки миёни футбол ва футболи толорӣ (футзал) чӣ қадар фарқиятҳои бузург аст. Хеле заҳмат талаб карда мешавад, то як нафаре, ки доим дар майдонҳои сабз бозӣ кардааст, ба бозӣ дар дохили толор ва майдони он одат кунад.
Ин дар ҳолест, ки тими миллии бонувони футзали моро, ки аслан футболбоз ҳастанд, ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз баргузории бозиҳо барои тамрин ҷамъ овардаанд. Магар мешавад бо ин бетаҷрибагӣ дар ду ҳафта барои бозӣ бо Эрон барин даста омода шуд? Эроне, ки футзалаш дар сатҳи байналмиллалӣ мақоми хосаеро соҳиб аст. Бубинед, ки дар Чемпионати ҷаҳонии футзал миёни мардон, ки соли пор шуда гузашт, тими миллии Эрон бо вуҷуди он ки ба таври ҳангомавӣ дар марҳилаи ниманиҳоӣ аз Қазоқистон шикаст хӯрд, яке аз даъвогарони асосӣ барои қаҳрамонӣ дониста мешуд. Дар баробари футзали мардон тими занонаи Эрон ҳам хеле иқтидори калон дорад. Барои ҳамин, қабл аз иштирок дар чунин мусобиқаҳо ҳеҷ не ду ё се моҳ пештар омодагиҳоро ба роҳ мондан лозим меояд. Ду ҳафта ин фурсати хеле кам аст.
Далели дуюм ин, ки бозигарони тими миллии бонувони Тоҷикистон нисбат ба дигар дастаҳо хеле ҷавонанд. Ҳатто дар ҳайати даста духтаре бозӣ мекунад, ки хонандаи синфи 8-уми мактаби миёна аст. Синни аз ҳама болои бозингарони мо тақрибан 22 ё 23 сол аст. Минбаъд агар ба ин намуди варзиш дар кишвар ҷиддӣ аҳамият дода шавад, иштироки ин тими ҷавон метавонад таҷрибае барои солҳои дигар гардад. Онҳо маротибаи аввал мешавад, ки дар мусобиқаи футзал иштирок мекунанд.
Исботи сеюм ва асоситарин ин, ки ба бозингарони мо як тини пучак ҳам маош намедиҳанд, вале онҳо розиянд, ки бе музд ҳам бозӣ кунанд. Ҳар нафар вақте касбу кори дилхоҳашро интихоб мекунад, мақсади асосӣ ба даст овардани ҳаққи кор ва пешбурди зиндагӣ аст, на чизи дигар. Футболбозон ҳам аз ин истисно нестанд ва онҳо ҳам футболро, дар баробари он ки дӯсташ медоранд, боз барои беҳбудии зиндагониашон интихоб мекунанд. Пул барои анҷоми дилхоҳ кор ангеза медиҳад. Мо хоҳем, нахоҳем, ки чунин аст. Акнун бигӯед, ки дар шароити феълии Тоҷикистон кадом яке аз мову шумо бе музд кор мекунем? Барои ҳамин бояд ба ҳамаи футзалбозбонувон офарин гуфт, ки бо он ки пул намегиранд, розианд, барои нангу номусу номи кишвар майдондорӣ кунанд. Дар шароите, ки ҳангуфттарин маошҳоро дар ҷаҳон футболбозон мегиранд, бе пул бозӣ кардан дар ин намуди варзиш худ қаҳрамонист.
Чаҳорум ва охирин ин, ки пеш аз ҳама барои иштирок дар дилхоҳ мусобиқа мақсади муайянеро бояд ба роҳ монд. Масалан, тими миллии Эрон мақсади иштирокаш дар ин бозиҳо омодагӣ ба мусобиқоти қаҳрамонии Осиё гуфта мешавад. Аммо дастаи мо чунон чи ба назар мерасад, на нақшае дораду на ҳадафу мақсаде ва дар ҳар бозӣ ҳайати тим таваккалкорона вориди майдон шуда рақобат мекунанд. Ба қавли як дӯстамон, барои обрӯро нарезондан маҷбур вориди майдон мешаванд ва шиори “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам”-ро хуб истифода мекунанд.
Ба эҳтимоли зиёд, мо дар футзали бонувон дар дигар мусобиқаҳои қитъавиву ҷаҳонӣ ширкат намекунем, вале ки ҳоло мизбони ин бозиҳо будем, бояд хеле қаблтар омодагиҳоро шурӯъ карда, ҳеҷ не барои ҷойи дуюмро гирифтан мақсад мегузоштем. Лекин чӣ тавре, ки дидем, мо танҳо тавони зӯрозмоӣ барои соҳиб шудани зинаи сеюми мусобиқаро дорему халос. Агар пештар тамринҳоро сар мекардем, ақаллан бо ин гуна натиҷаҳо шикаст намехӯрдем. Капитани тими миллӣ Мадина Фозилова пас аз анҷоми бозии охирин изҳор дошт, ки аз як рақобат то рақобати дигар бозиашон беҳтар мешавад ва духтарон ба футзал кам-кам одат мекунанд. Яъне, аз ин гуфтаҳои капитани даста бармеояд, ки агар мунтахаби мо тайёриҳоро пештар оғоз мекард, эҳтимоли беҳтар бозӣ кардани онҳо буд.
Ҳамаи инро ба инобат гирифта, мо наметавонем, сабабгори бохтҳои тими миллиро бозигарони даста донем, зеро то ҳамаи мушкилоти дар боло зикргардида, роҳҳали худро пайдо накунанд, дар гумон аст, ки мо натиҷаҳои назаррас ба даст биёрем. Масъулини соҳа барои бартараф кардани норасоиҳои мавҷуда ҳар чи зудтар камари ҳиммат банданд, ҳамон қадар хубтар аст. Дар бозии сеюми Тоҷикистон, ки муқобили мунтахаби Узбакистон буд, чанде аз кормандони Федератсияи футболи кишвар он ҷо ҳузур доштанд ва бозиро аз наздик назорат мекарданд. Гумон мекунам, ки баъди ин бозиҳо онҳо ҳам барои рушд додани футзал дар кишвар нақшаҳоеро рӯйи даст мегиранд.
Ба умеди пешрафти варзиш дар меҳан ва пирӯзии варзишгаронамон
Муҳаммадназар Наҷмиддинов