Китоби қадимаи “Ҳазору як шаб”, ки маъхази он “Ҳазор афсона”- и халқҳои ориёинажод мебошад, аз шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад. Ин асари дилангез борҳо ба забонҳои маъруфи дунё тарҷума шуда, солҳост, ки дар феҳристи пурхонандатарин китобҳои дунё дар даҳгонаи аввал, қарор дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин матлаб созмони муътабари ЮНЕСКО соли 2004-ро дар саросари дунё соли “Ҳазору як шаб” эълон дошта буд. Нашри ҳозир нусхаи комили тарҷумаи “Ҳазору як шаб” аст, ки дар асоси муқобалаи нусхаҳои литографӣ, чопхонаи “Офтоб”-и Теҳрон (1925) ва чопи Тоҷикистон (1959-1964) баргардон, тасҳеҳу такмил ва ба зевари табъ дар таҳияи донишманди хирадпешаи тоҷик Носирҷон Салимӣ ороста гардидааст. Таҳиякунандагон умедворанд, ки мақбули хотири дӯстдорони каломи бадеъ хоҳад шуд

Садоқат Ширинбекова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь