Қарор аст, ки Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) нерӯҳои посдори сулҳашро барои ба эътидол овардани вазъият дар Қазоқистон мефиристад. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz бо такя ба изҳороти раиси СПАД Никол Пашинян хабар додааст.
Гуфта мешавад, Пашинян далели чунин тасмими худро ба он марбут медонад, ки амнияти миллӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Қазоқистон зери таҳдиди ҷиддӣ қарор дорад ва он аз берун сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол расонаҳои русӣ навиштаанд, ки Русия аллакай дар майдони ҳавоии низомӣ, воқеъ дар наздикии Оренбург, як полки ҳавоиро дар ҳолати омодабош қарор додааст. Имкон дорад, ки Русия аз ин майдони ҳавоӣ ба Қазоқистон ҳавопаймои хоси ҳомили нерӯҳои махсусашро интиқол диҳад.
Бино ба ин манбаъҳо аз эҳтимол дур нест, ки бригадаи 11-уми алоҳидаи муҳандисии гвардиячиён, воқеъ дар шаҳри Каменск-Шахтинский низ барои эътидоли вазъ ба Қазоқистон фиристода хоҳад шуд.
Ин чораҷӯиҳои амниятӣ ба он далел сурат мегиранд, ки президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқоев аз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хостааст, ки ба кумаки вуруди нерӯҳои посдори сулҳи он ниёз дорад. Бино ба изҳороти Тоқоев дар кишвараш “гурӯҳҳои террористие фаъолият мекунанд, ки дар хориҷ аз он аз тамринҳои низомӣ гузаштаанд”.
Ёдовар мешавем, ки Русия, Қазоқистон, Арманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Белорус ба СПАД аъзо мебошанд. Чанд кишвар ба ҳайси нозири Ассамблеяи парлумонии СПАД шумурда мешаванд.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон бори дуввум соли 2012 аз узвияти Созмон Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ хориҷ шудааст.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд