Аввали ҳамин ҳафта Хадамоти федералии бехатарӣ (ФСБ) дар Русия аз амалиёти террористӣ дар ин кишвар пешгирӣ карда, чор нафарро боздошт карданд, ки се нафари онҳо аз Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Русия будаанд.
Шоми ҳамон рӯз хабар паҳн шуд, ки дар минтақаи наздикии шаҳри Маскав пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор шудааст, ки ба ин боздоштшудаҳо таллуқ доштааст. ТААС аз қавли як манбаи худ дар мақомоти қудратии ФР хабар дод, ки ин аслиҳа ва муҳиммоти ҷангӣ ба гумонбаршудаҳо мансуб набудааст.
Суди Лефертови Маскав се нафар гумонбарро барои омодагӣ ба амалиёти террористӣ ба ҳабс гирифтааст. ТАСС хабар медиҳад, ки Сиёвуш Давронзода, Сулаймон Бурҳонов ва Давлатёр Ҳоҷиев то рӯзи 11-уми октябр дар боздоштгоҳ мемонанд. Давронзода ва Бурҳонов ба гуноҳи худ иқрор шудаанд, аммо Ҳоҷиев айбро ба гардан нагирифтааст, менависад Лента.ру.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон айни ҳол ба ба муайян кадани шахсияти боздоштшудаҳо машғул буда, дар ин қазия бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ФР ҳамкорӣ мекунад. Аз маркази матбуоти ВКД ба АИ “АП” хабар додаанд, ки оид ба гумонбарҳо маълумот дар даст доштаанд, аммо ба далели халал ворид накардан ба тафтишот онро ифшо накардаанд.
Маълумот дар бораи ба ҳабс гирифта шудани нафари чорум нест, аммо гуфта мешавад, ки ӯ шаҳрванди Русия аст, зеро дирӯз дар хабар аз 1 шаҳрванди Русия ва 3 шаҳрванди Осиёи Марказӣ ёд мешуд.
Аксҳо аз ТАСС. 1. Сиёвуши Давронзода. 2. Давлатёр Ҳоҷиев. 3. Сулаймон Бурҳонов