Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар шароити ҳозира, ки камбуди оби обёрикунанда хеле зиёд эҳсос мешавад, ду кишвари ҳамҷавор – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бобати истифодаи захираҳои об ба тавофуқ расиданд.

Бар асоси ин тавофуқ барои интиқол додани оби “Баҳри тоҷик” ва тавассути он обёрӣ намудани киштзорҳои се вилояти Ӯзбекистон иншооти гидротехникӣ, аз ҷумла насосҳои обкашии гуногун ва захираҳои моддиву техникӣ ба Тоҷикистон интиқол дода шуданд.

Тавре ки дар ин вазорат ба мухбири “Фараж” иттилоъ доданд, киштзорҳои ноҳияи Бекободи вилояти Тошканд, ҳамчунин соири ноҳияҳои вилоятҳои Сирдарё ва Ҷиззах ба воситаи захираи оби “Баҳри тоҷик” обёрӣ хоҳанд шуд.

Гуфта мешавад, мувофиқи дастури Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 18-уми июли соли 2020 барои обёрии киштзорҳои вилоятҳои ҳавзаи рӯдхонаи Сир аз захираҳои оби “Баҳри тоҷик” истифода сурат хоҳад гирифт.

Дар айни ҳол панҷ дастгоҳи насосҳои обкашии тамғаи А50ГО бо нерӯи 500 литр/соат ба соҳили “Баҳри тоҷик” интиқол ёфтаанд, ки тавассути ин дастгоҳҳо ба баландии даҳ метр об кашида мешавад. Ҳамчунин, 20 навъи дигари насосҳои обкаш ва захираҳои моддиву техникӣ низ ба ин ҷо интиқол дода шудаанд.

Маблағи корҳои тармим ва барқароркунии стансияи насосҳои обкаширо ҷониби Ӯзбекистон пардохт мекунад. Барои анҷоми ин корҳои барномарезишуда Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон якуним миллиард сӯм ихтисос додааст.

Ин захираҳои моддиву техникӣ ба ташкилотҳои марбутаи Вазоратҳои барқ ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон интиқол дода мешаванд.

Мирасрор АҲРОРОВ,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь