Дар 8 моҳи соли 2019-ум ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз вилояти Хатлон 60 тонна орд, ки маблағи он 16 ҳазору 740 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, содирот карда шудааст.
Сардори Раёсати омори саноат, сохтмон, савдо, хизматрасонӣ ва робитаҳои хориҷии Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Бобоҷон Алихонов дар суҳбат ба хабарнигори «Фараж» гуфт, ки ҳоло дар ҳудуди вилоят 7 корхонаи саноати истеҳсоли орд фаъолият доранд, ки дар 8 моҳи соли равон 5 ҳазору 352,4 тонна орд истеҳсол кардаанд.
«Ҳамчунин дар вилоят 885 осиёби истеҳсоли орд ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин давра ба миқдори беш аз 119 ҳазору 400 тонна орд истеҳсол кардаанд. Ҳамагӣ орди истеҳсолшуда дар вилоят 224 ҳазору 752,9 тоннаро ташкил медиҳад, ки ба сари ҳар сокини вилоят дар ҳашт моҳ 68,6 килограм ва дар як рӯз 0,28 килограмм орд рост меояд»,- гуфт ӯ.
Манбаъ зикр кард, ки аз вилояти Хатлон дар 8 моҳи соли ҷорӣ 60 тонна орд ба маблағи 16 ҳазору 740 доллари амрикоӣ ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда шудааст.
– Воридоти орд дар ин давра ба вилояти Хатлон тамоман ба қайд гирифта нашудааст, аммо воридоти гандум зиёда аз 4 ҳазору 332 тонна ба маблағи 805 ҳазору 264 доллар ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2018-ум 3779 тонна зиёд мебошад, – илова, кард мусоҳиби мо.
Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Иброҳимиён Акмал дар суҳбат қайд кард, ки мувофиқи маълумоти омории чор кишоварз имсол дар майдони 131 ҳазору 492 гектар зироати ғалладонагӣ, ба истиснои ҷуворимакка барои дон, кишт шудааст, ки аз он 116 ҳазору 600 гектараш майдони гандум мебошад. Аз ин майдони гандуми киштшуда 400 ҳазору 568 тонна ҳосил рӯёнида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27 ҳазору 845 тонна зиёд аст. Манбаъ гуфт, майдони заминҳои кишти гандум дар соли 2019 нисбат ба соли гузашта 4 ҳазору 897 гектар зиёд карда шудааст.