Бино ба маълумоти Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон 14 августи соли равон дар яке аз қисматҳои марзи давлатии ин кишвар бо Афғонистон як гурӯҳи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Афғонистон, иборат аз 84 нафар, хати марзро убур кардаанд ва ба қаламрави Ӯзбекистон гузаштаанд.

Онҳо зимни боздошти марзбонони ӯзбекистонӣ алайҳи онҳо муқовимат накардаанд. Гуфта мешавад, ки дар миёни ин вайронкунандагони марзи давлатии Ӯзбекистон се захмии афғонӣ низ шомил буда, ба кумакҳои фаврии тиббӣ ниёз доштаанд.

Бо ҷамъи шаҳрвандони Афғонистон, ки марзро ғайриқонунӣ убур намудаанд, мувофиқи тартибот ходимони нерӯҳои марзбонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон корҳои филтркунӣ ва чораҳои санитариву эпидемиологӣ гузаронидаанд. Ғайр аз он ки ба онҳо кумакҳои тиббӣ расонида шудааст, ҳамчунин фирориёни афғон бо хӯрокворӣ ва манзили муваққатӣ низ таъмин гардидаанд.

Дар хабарҳои расонаҳои гурӯҳӣ омадааст, ки рӯзи гузашта дар минтақаи пӯли “Тирмиз-Хайратон”-и марбути Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҷамъ омадани шумораи зиёди нерӯҳои низомии давлати Афғонистон ба қайд гирифта шуд.

Бино ба ин хабарҳо барои расонидани кумакҳои башардӯстона ба ин афрод чораҳои таъҷилӣ андешида шудаанд. Таъкид мегардад, ки дар айни ҳол Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон бо ҷониби Афғонистон ҷиҳати ба ақиб баргардонидани шаҳрвандони ин кишвар ва рафъи бӯҳрони сиёсӣ  гуфтушунидҳо пиёда менамояд.

Дар ин миён 14 август бозгашти шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар роҳи оҳани “Тирмиз-Мазори Шариф” адои вазифа менамоянд, куллан таъмин шудааст. Дар ҳамин ҳол қисматҳои марзи давлатии Ӯзбекистон бо Афғонистон аз тарафи нерӯҳои марзбонии Ӯзбекистон таҳти назорати шадид қарор дода шудаанд.

Бино ба хабарҳои расида дар шаҳри Тирмиз ситоди фаврӣ таъсис ёфтааст ва дар таркиби он роҳбарони идораҳои қудратии Ӯзбекистон ва мақомоти давлатии он шомил карда шудаанд.

Пештар аз вуқӯъи ин ҳодисаҳо Антонио Гутерриш-Дабири кулли СММ аз вазъи ногувори Афғонистон ва қатлу куштори одамони мулкӣ дар ин кишвар ибрози нигаронӣ карда буд.

Тавре ки шабакаи телевизионии Ал-Арабиа хабар додааст, ҷунбиши Толибон эълон кардаанд, ки саросари Афғонистонро таҳти тасарруфи худ дароварданд.  Ин манбаъ меафзояд, ки “дар пойтахти кишвар ҳеч гуна амали1ти ҷангӣ вуҷуд надорад ва ҷунбиши толибон дар тамоми Афғонистон назоратро барқарор намудааст”.

Ин манбаъ мегӯяд, ки толибон майдони ҳавоии Багромро таҳти назорат дароварданд ва аз зиндони Багром ҷонибдорони худро раҳо намуданд. Гуфта мешавад, дар кохи раёсатиҷумҳури Афғонистон интиқоли қудрат аз ҳукумати кунунии Афғонистон ба маъмурияти давраи гузариш интиқол меёбад.

Дар бораи он ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳоло куҷост ва чӣ сарнавиште ӯ ва аъзои ҳукумати ӯро дар пеш аст, ягон иттилои қотеъ мавҷуд нест.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь