ҶСК “Тоҷик Эйр” барои интиқоли зоирин дар мавсими “Ҳаҷ-2019” омодагӣ гирифтааст ва барои он ҳавопаймои “Боинг-767”-ро аз таъмир баровардааст.

Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллоев гуфт, ҳавопаймои мазкур аллакай соати 3-и субҳи 26-уми июл, бо 270 зоирини кишвар ба Арабистони Саудӣ парвоз кардааст.

Ҳамчунин, гуфта шуд, бинобар вазъи душвори молиявии ҶСК “Тоҷик Эйр” аз моҳи январи соли равон ягон парвоз амалӣ накардааст. Ин ширкат натиҷаи молиявии хешро бо зарар ба миқдори 15,5 миллион сомонӣ ҷамъбаст кардааст.

Директори генералии ширкати “Тоҷик Эйр” Дилшод Исматуллоев гуфт, ҳоло дар ҷамъият 6 адад ҳавопаймою чархбол доранд, ки имкон дорад мавриди истифода қарор дода шаванд.

– Феълан се ҳавопаймои Боинг 767-300, Ан-28 ва чархболи Ми-8 МТВ коршоям буда, 2 адад ҳавопаймои Боинг 737-400 ва Боинг-757-300 мавриди  хизматрасонии техникӣ қарор доранд, – гуфт Д. Исматуллоев.

Роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мегӯянд, дар шаш моҳи аввали соли равон ба 21 522 адад ҳавопаймо хизмат расонидаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 4009 адад ё 15,7 дарсад камтар будааст.

Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода имрӯз, 26-уми июл, дар нишасти матбуотии Агентӣ сабаби кам шудани теъдоди хизматрасонии ҳавопаймоҳоро дар фазои ҳавоии кишвар ба воқеаҳои марзии Ҳиндустону Покистон ва баста шудани роҳи ҳавоии ҳудуди Покистон ва Афғонистон рабт дод.

Номбурда гуфт, дар ин давра Агентӣ ба 384 ширкати ватанию хориҷӣ иҷозати истифода аз фазои ҳавоии Тоҷикистонро додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь