Дастаи мунтахаби Аржантин (Аргентина) дар даври нимниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2022 тими миллии Крувосиро (Хорватия) бо натиҷаи 3:0 шикаст дода, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Голи аввалини ин бозиро Леонел Мессӣ дар дақиқаи 34 ба ҳадаф расонд. Ду голи дигарро Хулиан Алварес вориди дарвозаи ҳариф кард.
Баъди ин пирӯзӣ мунтахаби Аржантин маротибаи шашум аст, ки ба финали Чемпионати ҷаҳон мебарояд. Ин даста солҳои 1978 ва 1986 унвони қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонро ба даст оварда, дар се финал – солҳои 1930, 1990 ва 2014 шикаст хӯрдааст.
Тими миллии Курувосӣ қаҳрамони ин мусобиқа нашудааст. Беҳтарин нишондоди ин тим касби мақоми дуюм дар Ҷоми ҷаҳон-2018 ба ҳисоб меравад.
Бозии дигари марҳилаи нимниҳоӣ миёни мунтахабҳои Фаронса ва Марокаш сурат мегирад. Ғолиби ин ҷуфт дар финал бо мунтахаби Аржантин бозӣ мекунад. Дастаи мағлубшуда, барои касби зинаи сеюм бо Курувосӣ мубориза мебарад.
Бозӣ барои зинаи сеюм 17-ум ва финали Ҷоми ҷаҳон-2022 18-уми декабр баргузор хоҳанд гашт.
Давлати Абдулло