Сабаби сӯхтори бесобиқаро дар ҷангалзори Австралия, ки муҷиби ҳалокати 30 нафар инсон ва 500 миллион ҳайвон гардидааст, коршиносон дар гармии аз меъёр зиёд ва қасдан оташ задан донистаанд. Алъон сӯхтор дар Австралия то андозае коҳиш ёфта, дамои гармии ҳаво ба 41 дараҷа мерасад.

Чанде қабл хабаргузории Ал-Арабия хабареро интишор кард, ки дар он сабаби асосии паҳн шудани сӯхтор дар Австралияро ба селаи парандае бо номи ҳидъат (Kite) рабт дод.

Журналисти ҷаҳонгарди тоҷик Фатҳиддини Замон низ сабаби шиддат гирифтани сӯхтори ҷангали Австралиро ба парвози селаи парандагоне, ки дар Тоҷикистон буммегӯянд, пайванд ҳисобид.

– Ҷаҳон дар ҳоле ба ин паранда бо номи Kite ошно шуд, ки гурӯҳҳои сӯхторхомушкунандаи Австралия ҳангоми мубориза бо алангаи оташсӯзӣ мушоҳида карданд, ки як гурӯҳ паррандаҳо худро ба макони дигар мебаранд ва боз ба минқори худ алаф ё чӯби сӯхтаистодаро мегиранд ва ба ҷойҳои дигари ҷангал мепартоянд, – иброз дошт Фатҳиддин Замон, – Бо мушоҳидаи чунин рафтори парранда олимони Донишгоҳи Сиднеи Австралия аз паи таҳқиқи ин паранда шуданд.

Ба иттилои Ал-Арабия Ҳукумати Австралия барномаеро барои пешгирӣ ва нобудсозии ин навъи парранда роҳандозӣ хоҳад кард.

Паррандаи ҳидъат, ё худ бум, дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон низ вомехӯрад.  Дар Тоҷикистон асосан макони зисти бум мавзеъҳои вайрону нообод буда, биниши чашмаш рӯзона заиф буда, шабона ба шикор мебарояд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь