Дирӯз 70 нафар ҷавони ноҳияи Кӯшониён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайвастанд.
Аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур хабар доданд, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 сентябри соли 2020, таҳти рақами 1605, “Дар бораи эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ”, дирӯз дар назди бинои Кохи фарҳанг ва комиссариати ҳарбии ноҳияи Кӯшониён чорабинии тантанавӣ, гусели 70 нафар ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, ҷавонон, роҳбарони ташкилоту идораҳо ва волидони наваскарон баргузор гардид. Раиси ноҳия Вализода Икромиддин Дар суханронии худ қайд кард, ки пеш аз ҳама фаъолон вазифадоранд, ки дар таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ, амну субот, ҳимояи марзу буми кишвари азизамон ва баланд бардоштани масъулияти ҷавонони азизи ноҳия тадбирҳои заруриро амалӣ кунанд.
Ҳамзамон, раиси ноҳия миннатдории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ба тамоми волидони ҷавонони ихтиёрӣ сафарбаршуда расонида, ба ҷавонони сарбаланди ноҳия баҳри адои содиқонаи хизмати ҳарбӣ сарбаландӣ, тансиҳатӣ, некномӣ ва дигар тамманиёти некро баён намуданд.
Сипас, чанд ҷавони ноҳия ва ҷавонони сафарбаршуда баромад карда, миннатдории тамоми ҷавонони ноҳияро ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, барои шароити мусоид фароҳам овардан дар тамоми ҷабҳаҳо баён доштанд. Маросими гусели наваскарон бо газидани нон ва гирифтани дуои модар идома ёфт ва ҷавондухтарон ба ҳар наваскар дастмоли зебои миллӣ тақдим карданд.
Гуфта шуд бо мақсади ҳавасманд намудани ҷавонони даъватшуда ба хизмати ҳарбӣ, дар комиссариати ҳарбии ноҳияи мазкур, ба як қисм ҷавонони даъватшуда марҳилаи якуми супоридани шаходатномаҳои ронандагӣ баргузор гардид. Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ва бо дастгирии ташкилоту идораҳои ноҳия зиёда аз 100 нафар ҷавон ба курсҳои ронандагӣ сафарбар гардида буданд, ки марҳила ба марҳила ҳуҷҷатҳои ронандагӣ ройгон супорида мешавад. Аз ин иқдоми пешгирифтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён, даъватшудагон ва волидони онҳо хушҳол гардида, миннатдории худро баён карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия бо сурудҳои ватандӯстона иштирокчиёни чорабиниро болидахотир карданд.