Як ҷавон дар шаҳри Турсунзода барои мероси тағояш, ки ба ӯ нарасидаву ба бародараш расидааст, ӯро буғӣ карда куштааст. Дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар дод.

Муминов Александр бо маслиҳати модараш бинобар танҳою пиронсол будани тағояш Холмурадов Темур Тодимурадович, соли таваллудаш 1950 ва ба парасторӣ ниёз доштани ӯ , дар манзили истиқоматии якҳуҷрагиаш дар шаҳри Турсунзода маҳаллаи 2, бинои 101, ҳуҷраи №11 рафта, аз аввали соли март то 6 октябри соли 2020 ба нигоҳубинӣ номбурда машгул гардидааст.

29 апрели соли 2020 Холмурадов Т.Т. бинобар бад будани вазъи саломатиаш манзили истиқоматиашро ба хоҳарзодаи дигараш Муминов Семён Ҷалилович, ки додари угайи Муминов Александр мебошад ва ба муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия қарор дошт, дар идораи нотариалии шаҳри Турсунзода васият кардааст.

Аз ин васиятнома Александр. бохабар ва аз рафтори ба андешааш “ноодилона”-и тағояш ба ғазаб омада, дар вуҷудаш қасди куштори тағояш Холмурадов Т.Т. пайдо шудааст. Александр барои амалӣ кардани қасди худ дар ҳолати мастӣ ба манзили истиқоматии Холмурадов Т.Т. омада, муноқиша cap мекунад. У бо мақсади куштор аз гулӯи Холмуродов Т.Т. дошта, ба сару рӯйяш бо мушт ва пояи курсии оҳанин зарба зада, сипас бо роҳи буғӣ кардан ӯро ба ҳалокат мерасонад.

Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳодиса нисбати Муминов А.У. бо моддаи 104 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, онро баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Муминов Александр гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорой низомаш сахт таъйин кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь