Ҳавои номусоид, боронҳои шадид, барф ва бодҳои тӯфонӣ дар кишвар то 13-уми март идома хоҳанд кард. Дар ин рӯзҳо боз ҳам болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, омадани сел, лағзиши тармаву ярч дар манотиқи гуногуни кишвар аз эҳтимол дур нест, огоҳ мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ.

Боронҳои шадид ва резиши барф, ки 10-уми март лағзиши тарма ва омадани селро ба дунбол дошт. Чунончӣ, дар километри 72-юми роҳи мошингарди Душанбе – Айнӣ резиши барф сабабгори лағзиши тарма шуд. Бино ба гузориши мутахассисони КҲФ баландии ин ғарами азими барф беш аз 6 метр ва дарозии он ҳудудан 50 метр буд.

Барои бартарафсозии он ва тоза кардани роҳ дар ин қитъа наҷотдиҳандагони хадамоти наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз» бо 4 техникаи барфрӯбӣ ва роҳтозакунӣ сафарбар шуданд.

Бо талошҳои якҷоя то соати 20:24 роҳ пурра аз барф тоза шуд ва мошинҳо аз ду тараф дубора ба ҳаракат даромаданд. Барои таъмини амнияту бехатарии роҳҳо кормандони хадамоти наҷоти КҲФ навбатдории шабонарӯзиро дар километрҳои 62 ва 72-и роҳи мошингарди Душанбе-Айнӣ ташкил кардаанд.

Бориши шадиди борон муҷиби болоравии сатҳи оби дарё, ҳаракати хок дар деҳаи Ғуломони ноҳияи Тоҷикобод шуд. Мавҷи азими об ифлосиҳои канори рӯдхона ва сангҳоро дар 196 километраи роҳи мошингради Душанбе-Рашт-Лахш-Қирғизистон ба соҳил партов кард. Дар натиҷа роҳ масдуд шуд, ҳаракати мошинҳо қатъ гардид. Кормандони Ситоди КҲФ дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт якҷо бо кормандони хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар бо истифода аз техника роҳро тоза карданд ва соати 06:35-и рӯзи 11-уми март роҳ барои ҳаракати мошинҳо аз ду тараф боз шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь