Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истинод ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар кишвар аз 15 то 16-уми ноябр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ки борони бошиддати ду рӯзи оянда дар минтақаҳои куҳӣ метавонад ба барфи тар табдил шавад ва ҳаракати мошинҳоро дар роҳҳои куҳӣ ба мушкил рӯ ба рӯ созад.

Аз ҷумла, борон меборад ва дар баландиҳои 1200 метр ин борон метавонад ба барфи тар мубаддал гардад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ борону барф бо шиддат меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо +10+12 °С-ро ташкил хоҳад дод.

Дар роҳҳои куҳие, ки борону барфи тар пешбинӣ шудааст, имкони ях бастани роҳҳо мавҷуд аст. Кумита ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои куҳӣ эҳтиёткор бошанд. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь