Корхонаҳои азими саноатии вилояти Хатлон дар назди Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон 10 миллион сомонӣ қарздор мебошанд.

Сардори Нозироти мазкур Каримзода Зокир иттилоъ дод, ки ба аввали соли 2022 қарзи корхонаҳои калон  аз андоз 13 миллион сомониро ташкил медод, ки  аз он  то якуми апрели соли ҷорӣ 3 миллионаш пардохт карда шуда, ҳоло 10 миллион сомонии дигари қарз боқӣ мондааст.

Ӯ гуфт 50-60 дарсади ин қарз ба КИ “Авесто Панҷ”, ҶДММ “Оли Сомон” ва ҶДММ “Субҳи Сарбанд” рост меояд.

– Барои баргардонидани ин қарзҳо нисбати корхонаҳои болозикр ҳама чораҳо андешида шудаанд, – илова кард ӯ.

Манбаъ афзуд, ки нақшаи андозе, ки дар назди Нозироти андози андозсупорандагони калон дар вилояти Хатлон давоми се моҳи соли ҷорӣ ба нақша гирифта шуда буд, 155 миллиону 718 ҳазор сомониро ташкил медод, ки он 158 миллиону 910 ҳазор сомонӣ, яъне 3 миллиону 192 ҳазор сомонӣ, зиёд иҷро шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь