Рӯзи гузашта 17-уми март, дар сомонаҳои иҷтимоӣ наворе чарх мезад, ки дар он як гуруҳи 6-нафара, марди калонсолеро мавриди латукӯб қарор медиҳанд.
Вобаста ба ҳолати содиргардида аз тарафи Раёсати ВКД шаҳри Душанбе гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ташкил шуда, барои боздошти онҳо чораҳо роҳандозӣ гардидааст.
Ба итттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД шаҳри Душанбе баъди гузашти 20 дақиқаи ҳодиса, кормандони милитсияи пойтахт содиркунандагони ин ваҳшониятро дастгир карданд. Инҳо шаҳрвандони ҷумҳурӣ:
Зиёев Беҳрӯз Тағоевич ссоли таваллудаш 01.01.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, Яхшиев Эмомалӣ Бароталиевич соли таваллудаш 01.04.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Баротов Ёрмуҳаммат Тағоевич соли таваллудаш 01.04.1994, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, Асроров Абдусалом Аҳрорович соли таваллудаш 27.07.1996, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе
Мулкамов Ҳукуматшоҳ Рамазонович соли таваллудаш 20.05.1999, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар. Ин нафарон зери роҳбарии Ҷумъазода Кароматуллои Асатулло истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар, ба истифодаи калиди чархи мошин ва мушту лагад чанд маротиба, ба таври бераҳмона ба сару рӯйи мард зада, баъди беҳуш шудани ҷабрдида, телефони дастии ӯро ғорат карда, аз ҷойи ҳодиса фирор кардаанд. Дар натиҷа ҷабрдида дар беморхона бистарӣ шудааст.