Як авбош, ки марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ гуфта мешавад, дар кӯчаҳои пойтахт ба вайрон кардани тартибот машғул шуда, бо корд ба марди 33-солаи сокини Душанбе ҳуҷум кардааст.

Ҷабрдида, марди 33-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ ба мақомоти милитсия муроҷиат кардааст, ки 1-уми январи соли 2018, тахминан соати 10:00, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт шахси номаълум бо корд як маротиба ба рони пойи чапаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 41-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шудааст. Нисбати ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь