Мақомоти Миср аз фурӯши атри маргборе дар фурӯшгоҳҳои ин кишвар хабар додаанд, ки дар муддати се рӯз боиси марги фарди истифодакунанда мешавад. Дар ин бора радиои ВВС хабар дод.
Вазорати тадорукоти Миср бо пахши иттилоияе ҳушдор додааст, ки атри ReLax дар дорухонаҳо ва фурӯшгоҳҳои атрфурӯшӣ паҳн шудааст. Ин вазоратхона аз шаҳрвандон мисрӣ хостааст, то аз хариди ин атр худдорӣ кунанд.
Шабакаи Ал-арабия гуфтааст вазорати тадорукоти Миср ба ҳамаи мақомдорони вилоятҳои ин кишвар дастур додаааст, то дар ба ҷамъоварӣ ва аз фурӯш боз доштани ин атр даст ба кор шаванд.
Ин вазорат ҳамчунин хоҳони ирсоли намунаҳое аз ин атр ба озмоишгоҳ барои баррасии он шудааст. Як манбаи давлатӣ гуфтааст эҳтимолан ин атр аз як кишвари дигар ворид шудааст. Ӯ гуфтааст мақомҳо дастури озмоиши ин атр бо намунаи атрҳои хориҷӣ дар бозорро додаанд, то маълум гардад, ки байни онҳо шабоҳате вуҷуд дорад, ё не.