Як манбаи мӯътабар аз ҳукумати Афғонистон, ки нахостааст номаш дар гузориш зикр шавад, гуфтааст Исҳоқ Раҳгузар узви луиҷирга ва яке аз наздикони волии Балх Ато Муҳаммади Нур, қарор аст, дар ояндаи наздик ба унвони волии нави Балх муаррифӣ шавад.

Аз сӯи дигар, Мунир Фарҳод сухангӯи Ато Муҳаммади Нур ҳарчанд дар ин бора аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ мекунад, аммо мегӯяд Раҳгузар аз номзади пешниҳодии Нур барои раҳбарии вилояти Балх буд.

Ҳудуди се моҳ пеш риёсати ҷумҳурии Афғонистон манзури истеъфои Ато Муҳаммади Нурро эълон кард ва ҳамчунон хабар дод, ки инженер Муҳаммад Довуд ба унвони волии ҷадиди Балх таъйин шудааст. Довуд ба далели мухолифати Ато Муҳаммади Нур ва ҳизби ҷамъият дар ин муддат натавонист корашро дар Балх оғоз кунад.

Худи Ато Муҳаммади Нур ихабари аз волигӣ рафтанашро инкор кард. Вай дар паёме навишт: «Ҳамватанони азиз! Имрӯз хабарҳои дар сафҳаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо дар хусуси канор рафтани ман аз вилояти Балх, даст ба даст мешавад. Тамоми ин хабарҳо беасос буда ва онро такзиб мекунем.

Бо таъкид мегӯям, то замоне ки хостаҳои машрӯи ҷамъияти исломии Афғонистон бароварда нашуд, ҳеҷ муомилаи пайдо ва пинҳон дар кор нахоҳад буд. Мо ба тамоми тааҳҳудоти худ побанд астем ва дари музокираро набастаем… ва тасмими ниҳоӣ дар хусуси музокиротро ҳизби ҷамъият ва шахси раҳбари ҳизб Салоҳуддин Раббонӣ метавонад бигирад».

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь