Зимни як нишасти адабие, ки 11-уми декабри соли равон таҳти унвони  “Шеър ва нақди адабӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ” аз ҷониби шуъбаи нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гашт, масоили марбут ба мавқеи шабакаҳои иҷтимоӣ дар рушди шеъри тоҷик матраҳ гардид.

Дар нишаст раёсати Иттифоқи нависандагон, адабиётшиносон, шоирону навқаламони ҷавон иштирок ва суханронӣ карданд. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагон, дар рафти  баромадаш аз мундариҷаи пасти шеъри шоирони ҷавон, танқидпазир набудани онҳо интиқод кард. Иброз намуд, ки аксари шоирони ҷавон ҷойи он, ки аз пайи такмили маҳорати худ бошанд, ҳамарӯза дар расонаҳои иҷтимоӣ шеъре гузошта худро таблиғ мекунанд. Ӯ аз завқи  пасти эстетикии мардум ва аз қобилияту дониши сатҳи доштани репсароён махсус ёдовар шуд.

– Мо соли гузашта ҳамроҳи як гурӯҳи корӣ давоми шаш моҳ ба репсароёни машҳури кишвар дарси санъати сухан омӯзондем. Ин репсароён, ки мардум онҳоро бо завқ гӯш мекунанд, ҳатто як мисраъ шеър аз адабиёти тоҷик намедонистанд, – таъкид намуд Ато Мирхоҷа.

Дар идомаи нишаст шоири ҷавон Бузургмеҳри Тоҷиддин роҷеъ ба камбудиву норасоиҳои баъзе аз шоирони ҷавон, ки шеърҳои худро пайваста дар фейсбук мегузоранд, ибрози назар кард.

– Имрӯз дар Фейсбук шеъру нақдҳои зиёде нашр мешаванд, ки чандон ба нақди адабӣ ихтисос надоранд ва наметавонанд шеъри моро дар доираи форсизабонон муаррифӣ кунанд. Ҷавонони хушзавқамонро зарур аст, ки ҳар чӣ бештар ба расонаҳои иҷтимоӣ рӯй биёваранд, зеро ин шаҳри бедарвозаи интернетро танҳо ҷавонони хушсалиқа метавонанд идора кунанд,  – баён дошт Бузургмеҳри Тоҷиддин.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь