Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба FIFA ва ширкати «Coca Cola» барои ба рӯйхати сафари оламгири Ҷоми ҷаҳонии футбол ворид кардани Тоҷикистон миннатдорӣ баён кард.
«Ба пойтахти кишвар мо омадани Ҷоми ҷаҳонии футбол воқеаи хурсандибахш аст. Бовар дорам, ки ин рӯйдод ба рушди минбаъдаи футбол дар кишвар такони дигаре медиҳад. Миннатдории худро ба FIFA ва ширкати «Coca Cola» барои ба рӯйхати сафари оламгири Ҷоми ҷаҳонии футбол ворид кардани Тоҷикистон баён мекунам, – гуфт президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи Ҷоми ҷаҳонии футбол ин ҷоиза ба Тоҷикистон омад. Ин ҷоизаи ҷаҳонӣ дар доираи сафари оламгири Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Душанбе оварда шуд, ки сарпарастии онро ширкати «Coca Cola» бар уҳда дошт. Дирӯз, мухлисон ва ҳаводорони футбол тавонистаннд, ки ҷоизаро аз наздик дар Кохи Борбад ва меҳмонхонаи «Хайат Реҷенси Душанбе» бинанд.