Дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон қарзи дебиторӣ аз барқ то 1 декабри  соли 2021 ба 395 миллиону 279 ҳазору 830 сомонӣ расидаст, ки аз ин бештар аз  127 миллионаш аз хоҷагиҳои пахтакор мебошад.

Раҷабалӣ Бояков

Раҷабалӣ Бояков, як масъули ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти  барқ” дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон,  зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ин қарз бештар аз 111 миллиону 340 ҳазор сомониаш аз аҳолӣ, 127 миллиону 216 ҳазор аз хоҷагиҳои пахтакор, 36 миллиону 778 ҳазор аз хоҷагиҳои коммуналӣ, 36 миллиону 409 ҳазор аз хоҷагиҳои оби минтақа, 4 миллиону 383 ҳазор ташкилотҳои саноатӣ ва боқӣ аз дигар муштариён мебошад.

Манбаъ иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбати 107 корхона ба маблағи  бештар аз 26 миллион қарзашон иддао пешниҳод карда шуд.

– Дар асоси талаботи даъвогӣ ба суратҳисоби корхона зиёда аз 14 миллиону 550 ҳазор сомонӣ ворид гаштаст, – илова кард Р.Бояков.

Ҳамчунин, ӯ қайд кард, ки нисбати 57 корхонаи қарздор ба маблағи 22 миллиону 501 ҳазор сомонӣ мавод барои чораҷӯӣ ба мақомоти прокуратура пешниҳод карда шудааст.

– Дар Суди иқтисодии вилоят мавод нисбати 12 корхонаи қарздор ба маблағи 13 миллиону 98 ҳазор сомонӣ баррасӣ шуда, ба манфиати филиали ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар ҳал гардид, – илова кард мавсуф.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь