“Шабакаи тақсимоти барқ” паёмакеро, ки бо хатоӣ дар рақамҳо, рӯзи 2-юми август, ба бархе аз муштариён равон карда, аз қарзҳои калони гӯё аз барқ доштаашон хабар расонд ва сабаби нигаронии онҳо гардид, шарҳ дод. Гап сари маблағи истифодашудаи қувваи барқе меравад, ки гӯё муштариён се сол қабл аз пайваст шудан ба системаи биллингӣ пардохт накардаанд.
Мененҷери ҶСК “Шабакаи тақсимоти барқ” Ғуломзода Маҳмад имрӯз 6-уми август зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, маблағҳои қарзи муштариён эҳтимолианд ва дурустии он аниқ нест. Номбурда гуфт, се сол боз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барномаи биллингӣ фаъолият мекунад.
– Қаблан чунин барнома дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз карда буд. Он вақт аз тамоми шаҳрвандон талаб карда шуд, ки қарзҳояшонро пардохт кунанд. Замоне, ки раванди амалӣ гардидани барнома ва насби ҳисобкунакҳои барқӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сар шуд, қарзҳои пештараи муштариёнро то баррасӣ карданашон як тараф мондем. Қарзи барқи истифодашуда болои муштариён ва корхонаҳо зиёда аз 40 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Акнун вақти он расидааст қарзҳоро, ки аз 2 сомонӣ боло аст, ҷамъоварӣ карда, ба барнома гузаронем. Лекин аз сабаби он ки дурустии қарзҳо аниқ нест, қарор додем аз миёни 50 ҳазор муштарии қарздор аввал ба беш аз 10 ҳазори онҳо паёмак фиристем, то онҳо дар давоми 2 ҳафта ба шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе муроҷиат карда, дурустии қарзи барқашонро муайян кунанд. Агар рақами дар паёмак равонкардашуда нодуруст баромад, мо қарзи муштариро ихтисор мекунем. Агар қарз дуруст бошад, шаҳрванд бояд қарзи барқашро пардохт кунад. Мақсади ин иқдом рӯёнидани қарзҳои се сол пеш аст. Муҳлат дар паёмак то рӯзи 10-уми август гуфта шудааст. Ҳар шаҳрванди паёмакгирифта бояд дар давоми даҳ рӯз вақт ёфта, ба шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе муроҷиат кунад ва агар қарздориаш ба барқ дуруст бошад, бояд онро пардохт намояд, дар акси ҳол барқаш ба таври автоматӣ қатъ карда мешавад. Барои ҳамин мо бисёр кормандонро сафарбар кардем, то муроҷиатҳои муштариёнро сари вақт баррасӣ ва дуруст ё нодуруст будани қарзҳоро муайян кунанд, – гуфт Ғуломзода М.
Ин дар ҳолест, бархе сокинон аз он ҳам изҳори нигаронӣ мекунанд, ки як ё ду моҳ дар манзилашон иқомат накардаанд, аммо ба телефони мобилиашон аз барқи истифодашуда паёмак меояд. Дар посух ба ин суол Ғуломзода Маҳмад гуфт, агар муштарӣ ба муддати тӯлонӣ дар манзили истиқоматиаш ҳузур надошта бошад, бояд ба шабакаҳои тақсимоти барқ муроҷиат намояд ва ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои сӯхтор корхонаи онҳо муштариро аз шабакаи барқ ҷудо намояд.