ҶСК «Бонки Эсхата» барномаи «Қарздиҳии корпоративӣ»-ро барои шахсони ҳуқуқӣ пешниҳод менамояд. Бо ёрии маблағгузории мазкур Шумо метавонед вобаста ба рушди ояндаи тиҷорати худ қарори дуруст қабул намоед.
Зиёд кардани воситаҳои гардиш, васеъ намудани навъи молҳо, харидорӣ намудани таҷҳизоти нав ва ғайра мақсадҳои асосии барномаи «Қарздиҳии корпоративӣ» маҳсуб меёбанд.
Воситаҳои молиявии мо дар намуди қарзҳо, пеш аз ҳама барои дастгирӣ ва рушди соҳаи тиҷорат, истеҳсолот, сайёҳӣ ва кишоварзӣ бо фоизҳои дастрас ва вобаста ба намуди қарз пешниҳод мегардад.
Афзалиятҳои қарздиҳии корпоративӣ дар Бонки Эсхата:
– Фоизҳои паст, аз 9% солона;
– Маблағҳои калони қарзӣ – зиёда аз 2 млн доллари ИМА, ки дар доираи воситаи нави молиявии «Тақсимоти хавфҳо бо БАТР», ки маблағгузории якҷояи лоиҳаро бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар бар мегирад, пешниҳод мешаванд;
– Пеш аз муҳлат баргардонидани қарз бидуни ҷаримабандӣ;
– Давраи имтиёзнок (вобаста ба хусусияти тиҷорат ва лоиҳаи сармоягузорӣ);
– Хати қарзӣ бо шартҳои муфид;
– Ҳамкории дарозмуҳлату самаранок бо шарикони байналмилалӣ дар ин самт.
Барои ҳамоҳангсозии раванди ҳамкорӣ бо Шумо корманди қарзии бонк ҳамдастӣ намуда, бо назардошти эҳтиёҷот ва хусусияти фаъолияти Шумо дар интихоби беҳтарин воситаи молиявӣ кумак карда, дар тӯли муҳлати қарз мушовири шахсии Шумо мегардад.
Биёед, мо Шуморо интизорем!