Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 сол муқаддам дар шароите таъсис ёфт, ки кишвар дар гирдоби буҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарор дошт. Имрӯз бо гузашти 27 сол, ҳайати ҷузъу томҳои кишвар бо иқтидори хуби ҳарбӣ муҷаҳҳаз буда, шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар муқоиса ба солҳои қабл то андозае беҳтар гардидааст.

Ҳамасола, бо баробари фарорасии мавсими даъват ба сафи артиш, моҳҳои октябр-ноябр ва апрел-май, баъзан  ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава кардан”, нигаронии сокинонро ба миён меоварад.  Вазорати мудофиаи кишвар мавҷудияти “облава” дар ҷумҳуриро беасос мехонад.  Сокинон дар мавсими “облава” аз он шикоят мекунанд, ки фарзандонашонро бо вуҷуди саломатии ғайриқобил, кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ маҷбурӣ ба артиш мебаранд. “Сарбозшикор”-он ҳангоми пурра нагардидани нақшаи даъват, баъзе донишҷӯёни мактабҳои миёнаи махсус (колеҷҳо)- ро ба артиш ҷалб мекунанд. Дар ин давра мардум аз он шикоят низ мекунанд, ки кам мансабдороне ҳастанд, то фарзандони худро ба артиш фиристода бошанд.

Барои беҳтар сохтани шароити хизмат ва ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронии худ ба муносибати 27-солагии Артиши миллӣ, 22-юми февлал ба Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои далдор супориш дод, то ба хизматкардагон, ҳангоми кору таҳсил имтиёзҳои иловагӣ дода шавад.

– Барои ин гуруҳи шаҳрвандон имтиёзҳои муайян, дар навбати аввал, ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии дохил ва хориҷи мамлакат, бидуни озмун шомил гардидан ба колеҷу литсейҳо ва аз рӯи ихтисосҳо бо ҷойи кор таъмин шудани онҳо муқаррар карда шаванд, – гуфт Президент. – Минбаъд шаҳрвандон ба кор дар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танҳо баъд аз адои хизмати ҳатмии ҳарбӣ қабул карда шаванд.

Сарвари давлат дар мавриди хизмати фарзандони мансабдорон таъкид кард, ки “роҳбарони ҳамаи зинаҳои ҳокимияти давлатӣ – аз аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент то раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ташкилоту муассисаҳо, хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон бояд худашон намунаи риояи Конситутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати давлатӣ”, инчунин, дигар қонунҳо бошанд. Фарзандони онҳо дар навбати аввал ва ҳатман барои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳозир бошанд”.

Дар робита ба масъалаи дидгоҳи ҷавонписарон ба артиш ва назари духтарон ба нафарони дар артиш хизматкарда, вебгоҳи хабарии Farazh.tj дар рӯзи Артиши миллӣ назарпурсиеро миёни ҷавонон анҷом дод.

Дониҷӯйи Донишгоҳи милии Тоҷикистон Миралии Хайрулло, дар назарпурсӣ гуфт:

– Хизмат накардаам ва бо сабаби биноиши сусти чашмонам имкони ба хизмат рафтан низ надорам. Вале мехоҳам нахуст яке аз маъракаҳои муҳими сиёсӣ “облава” аз миён равад. Дар вақти ҷалби ҷавонон ба артиш адолати иҷтимоӣ риоя гардад. Ғизову хӯроки сарбозон беҳтар шавад. Муомила бо онҳо дар доираи инсоният бошад. Дуо мекунам, ки ба “дед”-ҳо инсоф ато шаваду сарбозони оддӣ аз мӯзатозакунию наворбардорӣ бо мӯза озод шаванд.

Нафари дигар Некбахти Амирхон дар назарпурсӣ сабаби дилмонда шудани ҷавонон аз артишро ба бепарвогиву дур аз асл буданашон марбут донист.

Донишҷӯйи ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода Самандар Шарифов мехоҳад баъди хатми донишгоҳ ба хизмати ҳарбӣ равад. Вале ӯ мегӯяд, ноҳаққона рафтор намудан ва аз қонун берун амал кардан дар артиш, шахсро аз хизмат дилмонда мекунад.

Донишҷӯдухтар Ноибаи Собир дар назарсанҷии Farazh.tj таъкид намуд, ба аскарони шуҷоъ бо чашми эҳтиром менигарад ва андеша дорад, ки хизмат ба Ватан як имтиҳонест барои ҷавонмардон. Ноиба дар мавриди истилоҳи облава ибрози назар карда гуфт:

– Феълан вожаи “облава” дар забони ҳама садо медиҳад. Дарсади зиёди ҷавонон аз ин “балои азим” гурехта, ба Русия ё Туркия муҳоҷират мераванд, ё бархе на барои соҳибкасб шудан, балки барои ба хидмат нарафтан, дар донишгоҳ ё колеҷ таҳсил мекунанд.

Ба шуниди Ноиба дар бархе аз қисмҳои ҳарбӣ кормандон сарбозонро латукӯб мекардаанд, ба  носкашӣ маҷбур месохтаанд ва дигар амалҳои номатлубро раво медидаанд.

– Вале новобаста ба ин таъкид мекунам, ки унвони аскарӣ рутбаи бошараф мебошад, – баён кард Ноиба дар сӯҳбати Farazh.tj.

Донишҷӯёни дигар Наргис ва Тироз ба он боваранд, ки духтарон ба ҷавонони ба қавле хизматкарда таваҷҷуҳи хос доранд.

– Онҳо аз мактаби зиндагӣ мегузаранд ва барои зиндагии мустақилона омода мебошанд. Хизмати ҳарбӣ мактаби омӯзишу мустақилият ва ҳимояи худу оилаи хеш мебошад. Нафаре, ки дар артиш хизмат мекунад, аз уҳдаи ҳимояи дурусти оилааш хубтар мебарояд, – мегӯянд онҳо.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь