Аҳолии минтақаҳои назди баҳри Арал, воқеъ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, хусусан кӯдакони синни томактабии он бояд аз шароити хубу созгор ҳамеша бархурдор бошанд. Гуфта мешавад, ҳукумати Ӯзбекистон ҷиҳати беҳбуди шароити кӯдакони синни томактабии шаҳру рустоҳои ин минтақа таваҷҷӯҳро беш аз пеш афзоиш медиҳад.
Барои шиносоӣ бо вазъи воқеӣ ба шаҳри Нуқус сафар кардем. Маълум шуд, яке аз муассисаҳое, ки мавриди чунин таваҷҷӯҳи ҳукумати ин кишвар қарор гирифтааст, Маркази реабилитатсионии “Имкон”-и шаҳри Нуқус мебошад. Дар ин ҷо кӯдаконе ба таълиму тарбия ва муолиҷа фаро гирифта шудаанд, ки нуқсонҳои ҷисмонӣ ва равонӣ доранд. Ба манзури он ки ин кӯдакон аз шароити беҳтар бархурдор бошанд, соли 2019 бинои наву замонавӣ дар ин ҷо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.
– Ин маркази реабилитатсионӣ барои 120 нафар кӯдаки нуқсондор ё имконияташон маҳдуд муқаррар шудааст. 132 нафар мутахассисон, ки ҳудуди панҷоҳ дарсади онҳо ходимони тиби дараҷа ва тахассусҳои гуногун мебошанд, дар барқарор намудани саломатии ин кӯдакон заҳмат мекашанд,-гуфт ба мухбири “Фараж” сухангӯи Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мавлуда Асқархӯҷаева..
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо маблағи барои сохтумони ин марказ ихтисосёфта 19 миллиарду 600 миллион сӯмро ташкил медиҳад. Маркази реабилитатсионии “Имкон”-и шаҳри Нуқус масоҳати бештар аз як гектарро ишғол кардааст ва дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад.
Тавре ки сухангӯи Вазорати таълими томактабии Ӯзбекистон илова намуд, ҳамаи муштариёни марказ кӯдакони аҳолии минтақаи назди баҳри Арал мебошанд. Ҳувайдост, ки онҳо бар асари хушкшавии баҳри Арал ва бад будани вазъияти экологӣ ба кӯдакони нуқсондор табдил ёфтаанд. Барои ҳамин ҳукумати ин кишвар ба ин кӯдакон ҳарчи беш таваҷҷӯҳ қоил шудааст.
Баъзеи онҳо нуқсонҳои равонӣ низ доштаанд. Ҷиҳати барқарории саломатии онҳо ва фаро гирифтанашон ба таълиму тарбия, ки гуфта мешавад, меҳнати дучандро тақозо менамояд, аз маркази ҷумҳурӣ низ як идда мутахассисони корозмуда ба ин ҷо сафарбар шудаанд.
– Дар маркази реабилитатсионӣ асосан ба таври муназзам кӯдакони синни аз 2 то 7 сола муолиҷа мешаванд, ҳамзамон таълиму тарбия мегиранд. То қабул ба маркази мазкур ҳар як кӯдак аз назорати ҷиддии комиссияи вижаи тиббӣ-равонӣ мегузарад. Ин раванди хеле мураккаб ва заҳматталаб мебошад. Зеро баъзан лозим меояд, ки барои муайян намудани вазъи саломатӣ ва равонии як кӯдак мутахассисон борҳо вайро аз назорат гузаронанд. Танҳо баъди анҷоми ин кор бо кӯдак мутахассисон машғул хоҳанд шуд,-иброз дошт Мавлуда Асқархӯҷаева.
Маълум шуд, ки ба ин марказ кӯдакони ақлашон тамоман заиф қабул карда намешаванд.
Ҷанбаи дигари фаъолияти ин муассисаи махсусро ба по хезонидани кӯдакону наврасони ҷисмашон нуқсондори синни то аз се то 16-сола низ ташкил мекунад. Онҳо панҷ рӯз дар маркази мазкур муолиҷа мегиранд ва ду рӯзи боқимондаи ҳафтаро назди падару модар сипарӣ мекунанд.
Дар 318 кӯдакистони таҳти сарпарастии Вазорати таълими томактабии Ҷумҳурии Қароқалпоқистони Ӯзбекистон ҳудуди 109 ҳазор кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин аз рӯи миқдори умумии кӯдакон дастикам 70 дарсади онҳоро ташкил мекунад.
-Хеле мушкил аст, ки ҳамаи кӯдакон ба боғчаҳои бачагона фаро гирифта шаванд. Аммо мо бояд ба он ноил шавем, ки соли 2021 теъдоди ба кӯдакистонҳо фаро гирифташуда ҳадди ақал 75-80 дарсадро ташкил кунад. Барои аҳолии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, хоссатан, сокинони минтақаҳои назди баҳри Арал анҷоми ин корҳои нек аз ҳадафҳои асосии мо қарор гирифтааст,-тазаккур дод Мавлуда Асқархӯҷаева.
Ногуфта намонад, ки моҳи июни соли 2017 бо баргузории як конфаронси бонуфуз дар шаҳри Ашқободи Туркманистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ифтитоҳ ёфт. Ин конфаронс таҳти унвони “Нақши Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал дар рушди ҳамкорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ” баргузор шуд.
Масъалаи баҳри Арал мунтазам дар нишастҳои сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ низ ҳамеша мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.
Мирасрор Аҳроров,
мухбири “Фараж”, шаҳри Нуқус, Ҷумҳурии Қароқалпоқистон