Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғон пешниҳод кард, ки Байтулмуқаддас пойтахти Фаластин эълон карда шавад. Ба гуфтаи ӯ ҷониби ИМА ин шаҳрро пойтахти Исроил пазируфта, «меъёрҳои байналхалқиро зери по кардааст».
«Дар он ҷо (Байтулмуқаддас. –ред.) чанд қадам гузошта эҳсос кардан мумкин аст, ки шаҳр ишғолӣ аст. Исроил ин давлати террористӣ аст. Ҳарбиёни террорист бачаҳоро дастгир карда ба маҳбас мепартоянд», – гуфт Ардуғон дар нишасти фавқулодаи Созмони ҳамкории кишварҳои исломӣ дар Истанбул.
Президенти Туркия даъват ба амал овард, ки Байтулмуқаддас пойтахти «Фаластини ишғолӣ» пазируфта шавад. Вай ба кишварҳое, ки иқдоми кӯч додани сафорати ИМА ба Байтулмуқаддас ва бо ин амал ин шаҳрро пойтахти Исроил донистани Трампро маҳкум карданд, сипос гуфт.